Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фарзандони бойҳо ва қозиҳо, ки дар ин ҷо ҳастанд, толи маҷлисро холӣ кунанд!» Аз ин гап ману Сайрав албатта хеле маъюс шудем, ба диламон ба Ализода, ки худаш фарзанди дӯкондори Бухоро буд, лаънатҳо хонда, толорро тарк кардем. Берун баромадем, ки борони сахт борида истодааст. Сайрав чатр (соябон) дошт, ду кас ба зери чатр, аз кӯчаҳои торику нимравшан роҳ гашта, ба кӯчаи Ленин баромадем. Дар кӯчаҳо кас хеле кам буд. Мо аз кӯчаи Ленин ба кӯчаи Горкий баргаштем, ки бинои Маориф ва редаксияҳо дар он буд. Он вақтҳо агар борон борад, мардум ба зери новаҳо сатил ва дигар зарфҳоро монда об ҷамъ мекарданд. Мо аз пайроҳаи назди бинои Маориф мегузаштем, ки назари Сайрав ба сатиле афтод, ки ба зери нова гузошта шуда буд. Сайрав рафту сатилро гирифт, обашро рехта ҳамроҳаш овард. Пурсидам, ки чаро ин тавр карди, гуфт:

— Ҷазои инҳо ҳамин! Моро аз маҷлис ҳай карданд, мо ҳам сатили онҳоро мегирем!

Ин як эътирози хурди дили рамида буд; ин аз алам ва сӯзиши дил буд; ин ҳарчанд ночиз буд, вале эътироз, ифодаи ғазаб ва ноҳаққӣ буд... Набошад Сайрави назарбаланд ба сатили зеринова эҳтиёҷе надошт.

Ана ҳамин тавр буд бо мо муомила; ана ҳамин тавр буд зиндагии мо! Офарин ки ҳамон рӯзҳои сахту пуразобро аз сар гузаронида, намурдем, боз чанд сол зиндагӣ кардем, кор кардем...

Дар хонаи стандартӣ аввал ба мо як квартира доданд. Се хона дошт. Зимистонро дар он хона гузаронидем. Аҳвол умуман бад набуд; арзонӣ ва фаровонӣ буд. Ба як сӯм ҳашто нон медоданд. Ба даҳ-понздаҳ сӯм як гӯсфанд харидан мумкин буд...

Соли 1930, моҳи ноябр Комитети тоҷикшиносӣ чанд

пешина
аз 339
навбатӣ