Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
нафари моро (Зеҳнӣ, Муродзода, Неминова ва боз намедонам кӣ) барои ҷамъ овардани фолклор ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Қаратоғ фиристоданд. Мо дар он ҷо ду-се рӯз гашта хеле чиз ҷамъ кардем. Масалан касби кулолгарӣ, чармгарӣ, бофандагӣ ва ғайраро тадқиқ карда, номи асбобҳо, таҷҳизот ва матоъҳоро ба тафсил навишта гирифтем. Он вақтҳо Қаратоғ – шаҳр буд. Растаю бозорҳо дошт, гузар ва маҳаллаҳои бисёре буд. Чармгарӣ, кулолгарӣ ва маҳаллаи бофандаҳо буд. Мардумаш ҳам бисёр буд. Мо ба ғайр аз Қаратоғ ба қишлоқҳояш баромадем, шеъру афсонаҳо ғун кардем. Баъд ҳамаи ин материалро оварда ба дасти Бектош, ба комитети тоҷикшиносӣ супоридем. Баъзе аз ин материалҳоро Бектош дар маърӯзаҳояш истифода мебурд. Масалан як достончаро, ки ман аз як бача навишта гирифта будам, Бектош таъриф карда, бо шарҳу баёнаш гуфта медод. Як порчаи ин достон, ки дар хотирам монда аст, ҳамин аст:
Як рӯз рафтум Каҳдаза,
Гуфтум зоре нагаза.
Зоре яке газидум,
Ай ҷош маҳкам қапидум.
Вақти ширпазӣ очам,
Чӣ зуд омадӣ бачам?
Сияҳ гунда алолам...
Январ, ё ки феврали соли 1931 дар Душанбе як ҷамъомади калон оид ба мусиқӣ ва фолклор ташкил шуд. Ба ин маҷлис, ё ки фестивали мусиқӣ ва фолклор ба Душанбе аз Тошканд, Самарқанд, Москов ва дигар шаҳрҳо мутахассисҳо, мусиқишиносҳо, ҳофизҳо, навозандаҳо, раққосҳо ҷамъ омада буданд. Бектош яке аз ташкилотчиён ва сардорони кор буд. Вай ҳамаи мо коркунони комитети Тоҷикшиносиро вазифа супурда буд. Навишта гирифтани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё