Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шеърҳои нав, номи мақомҳои нағз, ном ва касбу кори ҳофизон ва ғайра ва ҳоказо... Ба ин фестивал Домулло Ҳалим Ибодов (аз Бухоро), Мулло Тӯйчӣ, Абдуқодир найчӣ (аз Тошканд), Акашариф Ҷӯраев (аз Ғарм) ва дигар классикони мусиқӣ; инчунин ҷавонҳофизон аз Ғарм, аз Кӯлоб, аз Қаратоғ ҷамъ омада буданд. Меҳмонон аксарият дар қатори вагонҳо, ки бо роҳи махсус то ба даруни шаҳр (то ба бинои китобхонаи ҳозираи Фирдавсӣ) оварда шуда буданд, истиқомат мекарданд. Қисмашон дар «Хонаи деҳқон» буданд. Фестивал чанд рӯз давом кард.

Дар ҳамин фестивал гапи ман бо Бектош гурехт. Мо ба ҳамдигар суханҳои сахт гуфтем. Ман хеле нозеҳ ва малул шуда аз маҷлис баргаштам, дар хона хеле гиристам. Ҳамин шуд – ҳамин, ман ба фикри ба Бухоро баргашта рафтан афтодам. Дар моҳи апрел, ё ки дар аввали моҳи май рухсатӣ (отпуск) гирифта, аз квартира фақат як хонаи хурдро ба худ монда, дигарашро супурда, қариб ҳамаи кӯчро бардошта ба Бухоро сафар кардам. Ҳамон рӯз дар Душанбе борон меборид. Кӯчу оиларо ба як бричка (аробаи чорғалтака) бор карда ба истгоҳи поезд омадам. Кӯчро ба бағоҷ дода, чизҳоро ба вагон бор карда, дар зери борон шиб-шилта шуда, ниҳоят ба вагон нишастем. Саодат, аммапошшо ва Мунирача, ҳама тар шуда буданд. О, як кас намегӯяд, ки дар ҳамин рӯзи боронӣ сафар кардан бо кӯчу кӯчман зарур буд магар?! Ҳамаи ин аз беақлӣ, аз камтаҷрибагӣ, аз беандешагии ҷавонӣ буд. Оҳ, дар ҷавонӣ, кас чӣ хатоҳо, чӣ рафторҳои нодуруст мекунад! Агар ба болои сари ман падарам мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба ин хатоҳо роҳ намедоданд ва ман ин қадар азоб намекашидам. Ба қадри падару модарони бофаросат расед, дӯстонам!

Ба Бухоро расида сабук нафас гирифтам. Ҳаво соф, осмон беғубор буд. Дар фазои ҳавлӣ фароштуруқҳо кӣчукунон

пешина
аз 339
навбатӣ