Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

парвоз мекарданд. Саодату аммапошшо ҳам хурсанд буданд. Дар ҳавлии худамон кайф карда хобидем. Рӯзи дигар ба кӯча, ба бозор, ба лаби ҳавз баромадам. Дар таи тоқи Саррофон, иттифоқо ба Сайрав Сулаймонӣ вохӯрда мондам. Вай ҳам қаҳр карда аз Душанбе кӯчида омадааст. Дар лаби ҳавз гашту гузор карда, Сайравро ба ҳавлӣ таклиф кардам. Не нагуфт, омад. Ба хона дароварда дастурхон кушодам, як андак кабобча ва газаки муҳайё сохтам. Як шиша арақе, ки аз магазин харида будам, ба рӯи дастурхон гузоштам.

Сӯҳбати хеле ширин ва фаромӯшнашавандаи мо сар шуд. Хостам даҳони шишаи арақро, ки пробка дошт кушоям. Штопур набуд, бо корд кӯшидам, ки кушоям, нашуд. Дар он ҳол Сайрав шишаро аз дастам гирифта, бо қаламаш пробкаро ба даруни шиша тела дод ва як пиёлагӣ рехт. Нӯшидем, димоғҳо чоқ шуд. Сайрав ҳам шеър мехонд, ҳам сӯҳбат мекард. Як вақте ба шиша нигоҳ карда бинем, ранги арақ нилгун шудааст. Аввал ҳайрон шудем, баъд Сайрав гуфт, ки нӯки қалам, ки химикӣ шудааст, шикаста ба даруни пробка мондааст ва он боиси рангин гаштани арақ шудааст. Ба ҳар ҳол, ин монеъ нашуд, ки мо аз арақ даст кашем. Боз рехтем ва арақи чернилгаштаро нӯшидем.

— Э ҷӯра, — мегуфт Сайрав оҳ кашида, —
Бигзарад ин рӯзгор талхтар аз заҳр,
Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд!

Ин Бектошҳо, ин Мисбоҳҳо ва ин Ализодаҳо ҳам чандон дер намепоянд, ҳар кас мувофиқи кору рафтораш сазо ва ҷазояшро меёбад. Ба ман имконияти осуда зистан, эҷод кардан ва кор кардан надоданд; аз ҳар тараф зер карданд, ба корам хала доданд. Ман ба худ гуфтам, ки дидоратонро «бобо Алӣ» бинад, хестаму омадам. Дигар ба Душанбе намеравам.

пешина
аз 339
навбатӣ