Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз гушнагӣ намемурам. Дар назди аҳлу аёлам хуш зиндагӣ мекунам. Шумо ҳам, агар тавонед, дар ин ҷо ё дар Тошканд ба худ коре ёбед, аз Душанбе ҷавоб гирифта биёед!

Ман гуфтам, ки не, Душанбе ба ман маъқул, фақат дигар бо Бектош дар як ҷо кор намекунам. Гап ҳаст, ки маҷаллаи «Роҳбари Дониш»-ро ки дар Тошканд мебаромад ва чанд моҳ ин тараф набаромада истодааст, ба Душанбе бурда, аз нав идора ва ҳайати таҳририя ташкил медиҳанд. Ба ман ваъда доданд, ки ба ҳамон идораи маҷалла котиби масъул таъин мекунанд. Ман ин маҷалларо дӯст медорам. Ин маҷалла боиси ба роҳи нависандагӣ қадам мондани ман гашт. Мехоҳам ҳамаи қувват ва тавонамро сарф карда, дар ин маҷалла кор кунам.

  • Ин тавр бошад, ихтиёратон! — гуфт Пайрав. — Лекин ман дигар ба Душанбе намеравам. Гап шунидан ба ҷонам расид. Ман гӯё тӯби футбол бошаму ин найзабадастҳои «сурх» маро ба ҳар тараф зада равон мекунанд, гоҳо чап, гоҳо рост, гоҳо савдогар, гоҳо балвогар гуфта фарёд мекашанд. Ба рӯзномаҳо мақолаҳои калон менависанд. Ба ман чӣ зарур, ки таънаи ин нокасонро шунида, ба миллат хизмат мекунам гуфта, аз зану бачаҳо ҷудо, дар мусофират гардам?!

Росташ, ки ба ҳоли Пайрав раҳмам омад. Ҳамин тавр шоири забардаст, беҳамто ва ояндааш дурахшонро дида наметавонанд найзабозҳои «сурх» худро «дӯст»-и пролетариат ва меҳнаткашон, «ленинчӣ» ва «бошевик» нишон дода, корҳое мекунанд, ки ҳеҷ душман накардааст. Ин таъқиби одамони бегуноҳ, одамони фидокор то ба кай?! Он вақт ман намедонистам, ки «усул дар дасти нақорачӣ» будааст. Аз иморати баланди дуошёнаи тирафоми ГПУ, ё

пешина
аз 339
навбатӣ