Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ки НКВД симҳои бисёре баромада, аз байни мардум разилон, беаклон, бевиҷдон ва нопоконро ёфта, ба гарданашон ҳалқадавак карда, ба сӯи одамони пок ва бегуноҳ равона карда мешудааст ва киш-кишак меандохтаанд. Сиёсат ҳамин будааст, ки рафта-рафта то ба худи Кремл, то ба дасти хунолуди Сталини золим ва немурувват мерасидааст. Инро мо намедонистем. Зинда бод Сталин, доҳӣ ва падари халқҳо гуфта мегаштем. Намедонистем, ки ин ҳама «танқидҳо», ин ҳама кина ва кудуратҳои найзабозони «сурх» муқаддимаи одамкушӣ ва ҳабсу табъидҳои оянда будааст. Хайрият, ки одам ояндаашро намедонад. Агар медонист, ки кай мемурад ва чӣ тавр мемурад, ҳаёту зиндагӣ набуд.
Ман ки ҷавон будам, боумед ва боғайрат будам, аз ҳеҷ чиз парвое надоштам. Ҳар чӣ ки партия мегуфт, гӯш мекардам, ба ҳар роҳе, ки мефармуд, рафтан мегирифтам. Дар худ гуноҳе, айбе намедидам, магар ин ки писари қозӣ будам. Хайр, худи Сталин гуфтааст, ки писар барои падар ҷавобгар нест! Баъд, падари ман аз он хел қозиҳои иртиҷоӣ набуд, тараққипарвар, бавиҷдон ва навпараст буд. Моро ба одамдӯстӣ, ба раҳмдилӣ ва бомурувватӣ тарбия мекард. Тарбияи ҳамон падари олиҷанобро гирифта, ман ба ин ҷода расидам.
Тарбиятгари дуюми ман шаҳри ман, дӯстони ман, хешу таборони ман буданд. Бале, Бухоро шаҳрест, ки ҳазорон бузургонро дар маҳди ба файзи худ тарбия карда расонидааст. Ғафур Ғулом – шоири халқии Ӯзбекистон гуфта буд, ки (бо услуби футуристӣ ва ба амир Олимхон кина карда) «Бухоро як косаи заррин аст, вале бо хун лабрез!» Не, ин ғалат аст, Бухоро дар ҳақиқат косаи заррин аст, бо файзу баракат, бо илму дониш лабрез! Одамоне ҳастанд, ки хоки мадрасаҳои Бухороро лесида ба мартаба расидаанд. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё