Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кӯчаю бозорҳои Бухоро илм, дониш, файзу баракат ҷорӣ буд. Мардуми Бухоро анъанаи қадимаи бузургӣ доштанд; босавод, хушгап, нозукадо, бофаҳм буданд. Албатта панҷ панҷа баробар не; дар байни мардуми Бухоро ҳам разилон, нокасон, фалокатзадагон буданд. Вале онҳо ба номи пок, ба номи неки мардуми Бухоро истинод оварда наметавонистанд...

Ана ҳамин шаҳр, ана ҳамин муҳит, сӯҳбати ҳамин мардум маро тарбия карду ба воя расонид. Афсӯс, ки ҳоло он файзу баракат, он тарзи муомила ва он нозукадоиҳо ва хушгапиҳо ё тамоман нестанд, ё хеле кам мондаанд! Зеро ки ҳиҷрати умумии халқи Бухоро таъсири худро расонид.

Пайрав ҳам яке аз он касони олиҷаноби Бухоро буд. Шеърҳояш ҳам дилчасп, ҳам ҳаҷҷоновар, ҳама аз дилу ҷон гуфта шуда буданд. Як зану ду духтар дошт. Духтарҳояш калон шуда, илм гирифта, мартаба ҳосил кардаанд. Духтари хурдӣ - Лола дар институти илмии шарқшиносӣ кор мекунад. Духтари калонӣ - Гулчеҳра шоира аст. Ҳоло ба вай номи шоираи халқӣ додаанд. Модари ин духтарҳо чанд сол пеш вафот кард.

Пайрав дар соли 1931-32 дар Бухоро каме истода, ба Самарқанд кӯчида рафт, зану бачаҳояшро ҳам бо худ бурд ва дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба кор даромад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ тангӣ мекашад, зиндагӣ дар Самарқанд хеле сахт мегузарад. Дар миёнаҳои соли 1933, боре бо коре ба Тошканд меравад ва дар бозгашт, дар вагон шабуш мегазаду ба бемории тиф мубтало мегардад...

Боре дар ин бора Гулчеҳра нақл карда буд:

  • Падарам аз Тошканд бемор баргаштанд. Мо бачаҳои беақл давида ба он кас часпидем, дада чӣ овардед? Чӣ савғотӣ овардед? Падарам, ки дар таб месӯхтанд, бо қаҳру ҷаҳл гуфтанд: «бало овардам, марги яқин овардам!» Мо
пешина
аз 339
навбатӣ