Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

маъюс гашта гиристем. Пас аз чанд рӯзи ҳамин, беҳуш хобида вафот карданд.

Ба вафоти Пайрав аз Айнӣ сар карда, чандин шоирон – аз он ҷумла Ҳамдӣ – шеър, марсия гуфтанд, номи ӯро ба некӣ ёд карданд ва ӯ чун яке аз шоирон – нависандагони машҳури тоҷик, чун яке аз саромадони шеъри шӯроии тоҷик шинохта шуд ва боқӣ монд.

Пайрав агар дар ҳамон соли 1932-33 намемурд, дар соли 1937 албатта ҳабс мешуд, душмани халқ ном мегирифт ва дар чӣ азобу уқубат мурда мерафт. Баъд, албатта сафед мекарданд (пас аз марги Сталин), лекин чандин сол ба номи бошарафи ӯ лакнати «душмани халқ» мечаспид.


Зану бачаҳоро дар Бухоро монда, худам танҳо ба Душанбе рафтам. Дар Душанбе, дар як хонаи хурди квартираирамон истиқомат кардам. Хонаи калонро ба маориф супурдам, ки ба он ҷо Ҳиё Мирзоев ном муаллими яҳудиро ҷойгир карданд. Ин Ҳиё дар Самарқанд ҳамроҳи ман дар ВПИ хонда буд. Вай як модари бисёр хуб ва меҳрубон дошт. Худаш дар техникум ва институти педагогии нав ташкилёфта дарси табииёт медод. Баъдтар ману Ҳиё китоби дарсии табииёт барои мактабҳои миёна ва ибтидоӣ навиштем. Ҳиё ҷиҳати илмӣ ва методии китобро, ман ҷиҳати адабиашро менавиштем. Оид ба масъалаҳои табииёт ҳар хел мисолҳо, ҳикояҷаҳо менавиштам. Ҳиё мегуфт, ки дар мондани номҳои колхозҳо ва дигар ҷоҳо эҳтиёт кунед, номҳои пухта ва дигарнамешудагӣ, доимиро монед. Ба мисол «Коммунизм», «Сотсиализм», «Ленин», «Октябр» ва ҳоказо. Номи одамҳоро намонед, ин одамҳо имрӯз ҳастанд, пагоҳ нестанд. Аз паси худашон китоби моро ҳам нобуд мекунанд.

пешина
аз 339
навбатӣ