Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Бо Ҳиё ва модараш дар як хонаи якквартира танҳо мезистам ва дар идораи маҷаллаи «Роҳбари Дониш» кор мекардам. Дар ин ҷо оид ба Исмоил Садрӣ баёноте доданро раво донистам. Зеро, дар ҳамон рӯзҳое, ки ҳамроҳи Саъдӣ Мақсудӣ маҷаллаи «Роҳбари Дониш»-ро мебаровардем, аз Бухоро Исмоил Садрӣ омада монду ман бо вай дар як хона мезистам ва дар як идора кор мекардам.
Исмоил Садрӣ яке аз фарзандони барӯманди Бухорост. Пеш аз инқилоб мунавварфикрони Бухоро ӯро ҳам дар қатори дигар ҷавонон ба Туркия, ба Истамбул фиристода, хононда буданд. Пас аз инқилоби соли 1920 Исмоил Садрӣ ба Бухоро бармегардад. Рӯзҳои аввали инқилоб чӣ кор кардани ӯро намедонам, фақат ҳаминро медонам, ки чанд гоҳ нозири маориф шуд ва ба корҳои роҳбарият буд. Вақте ки ҷумҳурияти Бухороро барҳам дода Ӯзбекистон карданд (хеле афсӯс, ки ин ҷумҳуриятро барҳам доданд. Охир ин ҷумҳурият тамом мувофиқи табъи халқи Бухоро буд. Ҳокимият - ҳокимияти шӯроӣ бошад ҳам, ҳокимияти халқӣ, ҳокимияти миллӣ ва мустақил - ба маънои томи маъни буд. Ҷумҳурияти Бухоро ҳақ дошт бо хориҷа муносибат ва сафир дошта бошад. Бо Эрон, бо Туркия, бо Афғонистон муносибати расмӣ барпо карда, сафир фиристода ва сафир қабул карда буд. Давлати Россияро чун давлати ҳамсоя, чун давлати дӯст, ҳамкор ва мададгор мешинохт. Лекин ин хел ҷумҳурияти халқӣ ва миллӣ, ки қариб мустақил буд, ба роҳбарияти Москва нафорид, ба байни ҳукуматдорони Бухоро нифоқ андохтанд, Муҳиддиновҳоро бо Файзулло Хоҷаевҳо ҷанг андохтанд. Онҳо ҳам бо ҳам ҷанг карданд. Ҳокимиятро аввал ӯзбекҳо ва баъд худи русҳо ба даст гирифтанд, ҷумҳурияти Бухороро нест карданд, хок ва сарзаминашро тиккаю бӯлак карданд ва Бухорои Шарқиро «Тоҷикистон» гуфтанд. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё