Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳамаи ҷумҳурияти Бухороро вайрон накарда, Хуҷанду Самарқандро ҳам ҳамроҳ карда Тоҷикистон месохтанд, ҷумҳурияти аълодараҷа мешуд. Аммо инро накарданд ва Бухорои сарсахтро яке аз ноҳияҳои Тошканд кардандӯ монданд...)
Бале, вақто ки ҷумҳурияти Бухороро барҳам доданд ва Бухоро чун як округ, чун як вилояти Ӯзбекистон шуда монд, Исмоил Садрӣ муаллим шуд. Дар дорулмуаллимин дарс медод ва баъд дар кадом курсҳо мудир ва муаллим шуд. Ба ҳамин рӯзаш ҳам шукрона мекард. Лекин касоне пайдо шуданд, ки ба хомӯш дарс дода гаштани Исмоил Садрӣ ҳасад бурданд, ба кори вай халал додан гирифтанд. Коре карданд, ки аз занаш ҷудо шуд, баъд ба худаш часпиданд. Чи тавре ки боре худаш ба ман гуфта буд:
– Ҷӯра, зани аввалан, шунидам, ки бо милисаҳо мегаштааст.
– Хайр, гуфтам, – шумо аз вай ҷудо шуда зани дигар гирифтед, вай ҳам ба худаш шавҳар меҷустагист.
– Ҳамин тавр-ку, – мегуфт бечора Исмоил Садрӣ. – Лекин рашкам меояд.
Бале, мардҳо рашки зӯр доранд. Инро эгоистии мардона меноманд.
Бори дигар дар кӯчаи Бухоро маро дида гуфт:
– Ҷӯра, имрӯз дар ҳавлии «Маориф ӯйӣ» (хонаи маориф) газетаи деворӣ бароварда маро танқид кардаанд.
– Чӣ гуфта танқид карданд?
– Навиштаанд, ки «Ёр ислоҳотӣ, мухбирлар ҳаракати, хотун қизлар озолиги ва ғайра ва ҳоказо, дар охираш «Исмоил Садрӣ ямон!»
Ман хандидам.
– Наханд, ҷӯра! – гуфт Исмоил Садрӣ. – Маро танг карда истодаанд. Намедонам чӣ кор кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё