Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳеҷ боке не, — гуфтам. — Газетаи деворӣ ҳам чиз шуду аз навиштаҳои он хафа мешавед?!

  • Ту намефаҳмӣ, ҷӯра — гуфта монд вай.

Рост мегуфт Садрӣ, ман намефаҳмидам, намедонистам, ки ин «мақолаҳо» ибтидои тӯҳмати калон будааст. Бале, дар Бухоро Исмоил Садриро танг мекарданд, чӣ тавре ки садҳо дигаронро танг карда гурезонда буданд. Вай гурехта ба Душанбе рафт, ба ман меҳмон шуд. Аз омадани Исмоил Садрӣ ман хеле шод шудам. Охир вай ҳамшаҳрӣ, дӯст ва меҳрубони ман буд, ба ҳам сӯҳбатамон мечӯшид. Ӯро ба идораи маҷаллаи «Роҳбари дониш» чун коргари адабӣ ба кор таъин кардам ва хеле хушу хуррам зиндагӣ мекардем. Исмоил Садрӣ, ки одами босавод, босалиқа ва доно буд, зуд кори нашри маҷалларо аз худ кард ва дасти маро хеле сабук сохт. Лекин замон ба ҳамин ҳоли мо ҳам рашк кард.

Боре ҳамроҳи Исмоил Садрӣ дар кӯча мерафтем, ки ба Б.Икромии наҳс вохӯрдем. Вай аз Садрӣ пурсид, ки соат чанд аст. Соати Исмоил Садрӣ дар кисаи ҷилет (камзӯлчаи беостин, ки аз зери костюм мепӯшанд) будааст ва занҷираи он ба тарафи дигари ҷилет гузаронида шуда будааст. Садрӣ соати худро, ки «қопнок» буд, бароварда, қопашро кушода диду ҷавоб дод ва боз соатро ба ҷайбаш гузошт. Баҳоутдини бадбахт ва фитна бо хандаи ғаразолуд гуфт:

  • И-и-и, ин боз «Туркиз яшариз»-ку! (туркему мезием).

Исмоил Садрӣ хандиду «ҳа, ҳа» гуфта монд ва мо аз Баҳоутдин ҷудо шудем. Пас аз хеле хомӯш гаштан, Исмоил Садрӣ гуфт: — Ҷӯра, ин чӣ гуфтагеш бошад, «туркиз яшариз» гуфт?

  • Ҳеҷ гап не, — гуфтам, — ҳамин тавр шӯхӣ кард.

  • Не, ту намедонӣ, ин хел шӯхӣ намекунанд. Дар таҳи коса нимкоса бояд бошад.

пешина
аз 339
навбатӣ