Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ гап не, ин лаънатӣ ҳамин тавр сахтгап аст, хафа нашавед!

Лекин Исмоил Садрӣ дигар нахандил. Ҳамон шаб ба хона наомад. Пагоҳ ҳам аз Садрӣ дарак нашуд, рӯзи дигар ҳам. Вай дар Янгибозор як ҷӯраи хешнамо дошт, мо гумон кардем, ки ба хонаи ҳамон ҷӯраш рафтагӣ. Бо телефон суроғ кардем, наёфтем, ба кофту ков даромадем. Пас аз рӯзе як ҷӯраи бухорогияш ба ман хатча оварда дод. Исмоил Садрӣ менавишт, ки аз вай хавотир нашавем, вай дар ноҳияи Ҳисор аст, дар маориф кор мекунад.

Бале, замона одамҳоро тарсу карда мондааст. Исмоил Садрӣ барин касон аз сояи худ метарсидагӣ шуда буданд. Мисоли дигари ин ҳол Шавкат Ниёзии бухорой буд, ки вай ҳам дар Туркия таҳсил карда омада буд ва аз сояаш метарсид. Як сухани аҳмақонаи Баҳоутдин (туркиз яшариз) Исмоил Садриро ором нагузошт ва ӯ боз ба кунҷи дигар хазида рафт.

Пас аз ҳафтае ба ноҳияи Ҳисор рафтам. Он вақт Ҳисор ноҳияи навташкил буд. Дар дашт як қатор хонаҳои якқабата сохта буданд, ки дар яке аз он хонаҳо Исмоил Садрӣ мезист ва дар идораи маориф ба кор даромада буд. Ҳарчанд кардам, ки бо ман баргашта ба Душанбе равад, нахост, дар Ҳисор монд. Вале дар он ҷо ҳам зиёд наистод, пас аз чанде шунидам, ки ба Бухоро баргашта рафтааст ва ба музеи Бухоро ба кор даромадааст. Ниҳоят аз ҳамин музей, дар соли 1937 ба ҳабс гирифта, нобудаш карданд.

Боре дар ноҳияи Қубодиён писари Исмоил Садрӣ — Узкун Садриро дидам, ки директори совхози қарокулпарварӣ шудааст. Як навъ пӯсти аҷоиби қарокулиро ихтироъ карда номзади илм гаштааст. Ҳоло вай серфарзанд ва ба нафақа баромадагӣ, дар Қубодиён истиқомат дорад.

пешина
аз 339
навбатӣ