Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Сухан дар бораи он мерафт, ки дар идораи маҷаллаи «Роҳбари дониш» кор мекардам. Дар боло оиди ин кор гузаштанам гуфтам, ё не, ба ҳар ҳол боз менависам. Вақто ки ман дар комитети «тоҷикшиносӣ» кор карда мегаштам, дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» мақолае баромад, ки аз хобида мондан ва нашр нашудани маҷаллаи «Роҳбари дониш» шикоят мекард. Сарлавҳаи мақола чун шеър буд: «Аз чӣ бошад, ки Роҳбари дониш, шаш моҳ аст, монда аз хониш». Ин мақоларо дар КМ ва назорати Маориф муҳокима карда, қарор додаанд, ки маҷалларо дар Душанбе нашр кунанд. Бинобар он маро аз кори комитети Тоҷикшиносӣ гирифтанду ба маҷалла котиби масъул таъйин карданд. Ман ин маҷалларо аз дилу ҷон дӯст медоштам, ҳамин маҷалла буд, ки ҳикояҳои аввалини маро ба саҳифаҳояш ҷо дода, маро ба роҳи нависандагӣ пеш бурда буд. Пас чаро ман ба кори ин маҷалла, ба нашр кардани он миён набандам! Муҳаррир Муҳаммадҷон Ҳасаниро таъйин карданд, ки он вақтҳо дар рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» муҳаррир буд. Ба зери дасти ман, чун ёридиҳанда ва коркуни адабӣ Саъдӣ Мақсудиро доданд, ки аз Самарқанд, кадом институтро тамом карда омада буд ва ҷавони бисёр хубу коркун буд. Ману ҳамин Саъдӣ Мақсудӣ дукаса ҳаракат карда маҷалларо мебаровардем. Аз бинои маориф ба мо як хона доданд. Ба он хона стол, стулҳо ва шикофҳоро монда ба кор сар кардем, на мусаҳҳеҳ, на метрампаж (саҳифабанд ва устои кор), на бухгалтер, ҳеҷ як каси дигар набуд. Корҳои ҳисобу китобу когазу пулро бухгалтери идораи рӯзнома мекард. Мусаҳҳеҳ (корректор) дар матбаа кор мекард ва маҷаллаи моро ҳам медид. Мошинистка набуд. Аз даст навишта медидем ва баъзе чизҳоро дар машинкаи рӯзнома чоп карда мефиристодем... Азбаски завқу ҳавас буд, азбаски нағз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё