Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

кор мекардем, маҷалла нашр шудан гирифт. Борҳо шудааст, ки ман шабро то рӯз дар матбаа мегузаронидам. Дар зери кассаҳои ҳуруфчинҳо, ба рӯи коғазу газетаҳо лунда шуда мехобидам. Бетаҷрибагӣ, дуруст надонистани кори нашру чопи маҷалла аввал хеле азоб дод. Лекин кӯшиш мекардем, мепурсидем, ёрӣ металабием; ба метрампажҳо хушомад мекардем, то ки маҷалларо нағзтар саҳифабандӣ карда, бехато чоп кунанд. Маҷалла аввал фақат бо ҳуруфи арабӣ нашр мешуд, баъдтар қисман бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд. Дар ин маҷалла аввал ҳикояи «Шабе дар регистони Бухоро» чоп шуд. Баъд дигар ҳикояҳо ба мисли «Ширин», «Оё чӣ бояд кард», «Як ҳавзаи хунин», «Раҳматулло эшон», «Фармони рақами...» ва ғайра ва ҳоказо чоп шуда баромадан гирифтанд.

Соли 1932 бо қарори СК ВКП(б) дар мамлакат ҳамаи дигар ташкилотҳои нависандагон (ВАП, РАП ва ғайра) баста шуда, ягона ташкилоти Иттифоқи нависандагони шӯравӣ сохта шуд. Дар Тоҷикистони мо ҳам, ки то ба он дам ҳеҷ як ташкилоти нависандагӣ набуд, комитети ташкилии нависандагони шӯравӣ сохта шуд. Нависандагони онвақта ҳар кадом дар идорае, дар муассисае кор мекарданд, иттиҳодия ва иттифоқе надоштанд. Дар роҳбарияти Комитети ташкилии иттифоқи нависандагон Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Содиқов, Раҳим Ҳошим ва боз намедонам киҳо буданд. Ман ки дар идораи маҷаллаи «Роҳбари дониш» котиби масъул шуда кор мекардам, ба ин ташкилот чун аъзо дохил шудам. Пас, бо қарори ҳайъати нав ва нишондоди СКаи Тоҷикистон маҷаллаи «Роҳбари дониш» аз ихтиёри маориф бароварда шуда, ба ихтиёри ташкилоти нависандагон дода шуд ва номи маҷаллаи навро «Барои адабиёти сотсиалистӣ» монданд.
Дар ин маҷалла Улуғзода муҳаррир, ман котиби масъул

пешина
аз 339
навбатӣ