Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

будам. Маҷалла пурра бо алифбои лотинӣ мебаромад. Лидерҳо – саркардагони ташкилоти нависандагон – Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ ва Рашид Абдуллоҳо, Содиқовҳо буданд. Аз боло – аз СеКа Дайламӣ барин касон идора мекарданд. Ман, Мунзим, Пайрав, Азизӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Алихуш, Зеҳнӣ, Сарвар, М.Турсунзода барин нависанда ва журналистон аъзоёни қатори будем. Устод Айнӣ, ки дар Самарқанд буданд ва устод Лоҳутӣ, ки дар Москов буданд, аз дур ҳамкорӣ мекарданд.

Мирзоабдулвоҳиди Мунзим, ки яке аз мунавварфикрон, яке аз саркардагони ҳаракати маорифпарварӣ дар Бухоро буд, дар вақти мо ба Душанбе кӯчида омадан, дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» кор мекард; Абдулғанӣ Мирзоев ҳам дар зери дасти он кас кор мекард. Мунзим дар маҳаллаи кӯчаи Советӣ, дар қарибии аввалин масҷиди Душанбе ҳавличае дошт ва дар он бо ду нафар фарзандаш истиқомат мекард. Маро дӯст медошт, ҳар вақт меҳрубонӣ менамуд. Чанд бор ҳамроҳи Пайрав, Зеҳнӣ, Бектош ва боз намедонам киҳо дар ҳавлии Мунзим ҷамъ шуда будем, зиёфати он касро хӯрда сӯҳбатҳои аҷоиб ташкил медодем. Мунзими пир шеърҳо менавишт, маҷмӯаи асарҳояш чоп шуда буд. Лекин ҳамин тавр одами табаррук ва мӯҳтарамро ҳам осуда нагузоштанд, ба вай тӯҳматҳо зада, шеърҳояшро танқид карда бароварданд. Мунзим, ки барои халқаш, барои босавод гаштани мардуми тоҷик хизматҳои бисёре кардааст, дар охири умраш хор шуд; ба ҷои ҳурмат ва тавозеъ, ба сараш кӯфтанд ва марди мӯҳтарам то ба анҷумани аввалини нависандагон зиндагӣ карда натавонист, қазо кард ва ӯро дӯстонаш бурда ба хок супориданд. Ба гумонам на як рӯзнома, на як ҷамъомаде мардумро аз вафоти ӯ огоҳ накарданд...

пешина
аз 339
навбатӣ