Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дар ин ҷо воқеаи Муҳамммад Тақихони Кункули эронӣ ба ёдам расид. Дар Эрон солҳои аввали асри XX Муҳаммад Тақихон яке аз мунавварфикрон ва навпарастон буда, бар зидди ҳокимияти истибдоди онвақтай Эрон кор мекардааст. Ӯро аз Теҳрон ронда, ба Қазвин, ё шаҳри дигаре ҳоким таъин кардаанд. Пас дуздеро фиристода, шабона сарашро аз танаш ҷудо сохтаанд. Шоири инқилобии Эрон - Ориф дар ҳамин шаҳр будааст. Худи ҳамон рӯзи дафни Кулнул як варақа чоп кунонда паҳн кардааст, ки дар он расми сари буридаи Муҳаммад Тақихон ба нӯки ханҷари хунолуд тасвир ёфта аст ва ин ду байт дар боло ва поёни он расм дарҷ шудааст:
Ин сар, ки нишони сарпарастист,
К-имрӯз раҳо зи қайди ҳастист.
Бо дидаи ибраташ назар кун.
К-ин оқибати ватанпарастист!
Дар ҳаққи Мирзоабдулвоҳиди Мунзим низ инро гуфтан ҷоиз аст. Ниҳояти умри ин марди ҷонфидо, ин марди ватанпараст ва дӯсти миллат ҳамин тавр ноаён гузашт ва ҷисми ӯ ноаён ба хок рафт. Бале, Мунзим ватанпараст буд, халқашро дӯст медошт ва ҳар чӣ ки аз дасташ меомад, барои халқаш дареғ намедошт. То метавонист, ҷавононро тарбия мекард. Ҳамин Мунзим буд, ки ба ҳолу ҷони Абдуғанӣ Мирзоев намонда ӯро ба Ленинград, ба хондан фиристод. Ҳар вақт маро ҳам таъкид мекард, ки хонам, маълумоти олӣ гирам.
Аз нимаҳои солҳои 1932 гирогир ва таъқиби мардони номии мо сар шуда будаасту мани ҷавони беғам ҳеҷ хабаре надоштам, зинда бод Сталин гуфта, ҷонро дареғ надошта кор мекардам. Ва ҳол он ки мабдаъи ҳамаи бедодгариҳо, ин таъқибҳо ва гирогирҳо ҳамин худи Сталин будааст; сиёсати гаддорона ва золимонаи Сталин ва шариконаш будааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё