Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ки ман бехабар будаам.

Як вақт фаҳмидем, ки Абдуқодир Муҳиддиновро (ки нозири корҳои савдо буд), Комилиро (ки раиси Госплан буд) ва Бектошро гирифта ҳабс кардаанд. Албатта ба муқобили ин нобиғаҳои замон дар рӯзномаҳо мақолаҳои кушанда чоп шуданд. (Ҳатто ман ҳам «Сухан ба ман» гуфта бар зидди Бектош мақола навиштам). Мо соддаҳо ҳам бовар мекардем, ки онҳо ҳақиқатан зидди ҳокимияти шӯравӣ будаанд. Ва ҳол он ки Абдуқодир Муҳиддинов яке аз сарварони ҷадидон ва инқилобчиёни Бухоро, ҷонфидо, марди доно, оқил ва ҳамафаҳм буд. Халқасро дӯст медошт, молу ҷонашро барои тараққӣ ва пешравии миллат фидо карда буд. Омада-омада, вай аксулинқилобчӣ шуда баромад. Комилӣ ҳам яке аз пешқадамон ва зиёиёни тоҷик, яке аз донишмандон ва дӯстони халқи тоҷик буд. Вай ҳам душмани халқ шуда баромад. Бектош, ки олими донишманд ва марди пешқадам буд, ҳамеша мекӯшид, ки маданият, санъат ва адабиёти шӯравии тоҷик пеш равад, сабзад, вай ҳам душмани халқ будааст.

Ин сиёсате буд, ки халқи тоҷикро аз сарваронаш ҷудо кунанд, намонанд, ки мардуми тоҷик бо ёрӣ ва роҳбарияти ин сарваронаш пеш равад, сабзад, тараққӣ кунад ва худашро шиносад. Мардумро ба ҳам ҷанг меандохтанд; фитнаҳо ва иғвогаронро дастгирӣ мекарданд; ҳар кӣ даҳанкалон бошад, ҳар кӣ авбош бошад, нонаш ба равған буд... Аммо ин ҳамаро ман намедонистам; ҳар чӣ ки мегуфтанд бовар мекардам, эътиқодам ба партияи коммунистӣ, ба ҳокимияти шӯравӣ ва ба НКВД зӯр буд. Ба инҳо эътиқод ва боварӣ доштам.

Дар шаҳрчаи Стандартӣ, дар як бинои тахтагӣ, дуқабата буд, зиндагӣ мекардем. Ғуломризо Ализода ҳам дар он бино, ҳамсояи мо буд. Ин ҷавон, ки аз эрониҳои Бухоро,

пешина
аз 339
навбатӣ