Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
шеамазҳаб буд, бо модар ва зану фарзандаш зиндагӣ мекард. Хеле худписанд, мандонам ва «инқилобчӣ» буд. Муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шуда кор мекард. Содиқов, ки аввал мудири китобхона буд, баъд котиби кумитаи ташкилоти Иттифоқи нависандагон шуда буд, домоди Ализода буд, яъне хоҳари Ализода дар дасти ӯ буд. Соли 1937 ин ҳар дуро ҳам ҳабс карданд ва дигар барнагаштанд.
Улуғзода ҳам, ки аввал дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард ва дар адабиёт чун мунаққид дохил шуда буд (як-ду мақолаи танқидии худро чоп карда буд), баъд муҳаррири маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» шуда ба кор даромад. Вай ҳам дар яке аз хонаҳои шафати мо зиндагӣ мекард. Баъд ба Клавдия Вешинская хонадор шуда ба хонаи вай кӯчид. Ин Клава зане буд, ки дар дунё фақат худаш, шавҳараш ва фарзандашро аз ҳама авло медонист. Ин хусусияти ӯ ба шавҳараш Улуғзода ғуруру калонгариро дучанд афзуд. Клава, Роза Неминова, Болошова ва боз чанд духтари дигар факултаи шарқшиносии Тошканд ва Ленинградро тамом карда ба кор омада буданд. Роза дар комитети тоҷикшиносӣ кор мекард. Баъд ба Калонтаров шавҳар кард (Калонтаров дар маориф кор мекард). Боз духтаре буд Катеис ном дошт, ӯро нозири маориф Нисор Муҳаммадов ба занӣ гирифт. Болошова ном духтарро олими забоншинос — Климчитский ба занӣ гирифт. Раҳим Ҳошим ба Бравде хонадор шуд.
Он вақтҳо Мирзо Турсунзода як мухбир, журналисти оддӣ буд ва дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард. Ному овозае надошт ва бисёр кам касон ӯро мешинохтанд. Боре дар рӯзномаи Комсомол оид ба кадом пьесае тақризе навишта София

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё