Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Тӯйбоеваро сахт таҳқир кард. Албатта ин кораш хуб набуд. София сахт ранҷида Турсунзодаро ба суд кашиданӣ шуд. Инро фаҳмида Мирзо зуд ба Ленинобод гурехта рафта, дар он ҷо ба театр ходими адабӣ шуда ба кор даромад. Директори театр Ҳомид Маҳмудов ба вай ҳама шароитро фароҳам овард. Турсунзода дар яке аз ҳуҷраҳои театр истиқомат мекард. Ҷӯра ва ошноҳои бисёре пайдо кард. Раҳим Ҷалил ӯро дастгирӣ мекард. Дар бадали як сол Мирзо обрӯӣ гирифт, пьеса навишт ва ба Сабоҳатхон, ки яке аз артисткаҳои театр буд, хонадор шуд. Намедонам дар Ленинобод як сол, ё ду сол истиқомат карда, пас боз ба Душанбе баргашт ва намедонам ё боз ба рӯзнома, ё ки ба Иттифоқи нависандагон ба кор даромад. Он вақтҳо Ғанӣ Абдулло, Рашид Абдулло, Азизӣ, Алихуш барин касон вирди забонҳо буданд.

Ғанӣ ва Рашид Абдулло писарони Абдуллоҷон-акаи самарқандӣ буданд, ки дар Боку таҳсил карда маълумот гирифта буданд. Онҳо ду хоҳар доштанд, ки калонӣ Муҳаррама дар дасти Маъруф Расулӣ буд ва хурдӣ - Музаффара дар дасти Абдулҳаким Қосимов буд. Ин Қосимовро «махсуми қош» лақаб буд. Пеш аз он ки оид ба Расулӣ ва Ҳ.Қосимов баёноте диҳам, дар ин ҷо як очерки худамро, ки дар рӯзнома чоп шуда буд, такрор меорам.

Маъруф Расулӣ аз Самарқанд, яке аз касони пешқадам ва бамаънии ҳамон солҳо буд. Ба Тоҷикистон кай омад ва аввал чӣ кор кард, дар хотир надорам. Ман ин шахсро аз ҳамон дам мешиносам, ки ӯ директори Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд (солҳои 1932-33). Расулӣ одами босавод, бамаънӣ, вазнин, одаму оламро медонидагӣ ва инсони ҳақиқӣ ба маънои томи ин маъни буд. Як мисол аз одамгарии Расулӣ.

Чи тавре ки дар боло гуфтам, соли 1930 ба Душанбе

пешина
аз 339
навбатӣ