Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯчида омадему баҳори соли 1931 боз баргашта ба Бухоро рафтем. Лекин дар Бухоро бисёр истода натавонистам. Бозо гашта танҳо худам ба Душанбе омадам. Чанд гоҳ ба ҳамон як хонаи майдае, ки дар вақти ба Бухоро рафтан надода рафта будам, истиқомат кардам. Пас Саодатро, ки дар дасташ Мунира ном духтарчаи аввалини ман буд, чег зада овардам. Саодат дар саҳни вокзали Когон, дар дасташ кӯдаки дусола истода будааст, ки кадом паравоз гузашта истода баланд сигнал додааст. Мунирача дар хоб будааст, магар ки якқад парида, бедор шуда гирист аст. Маълум ки бача дилкаф шудааст, ки Душанбе омада қазо кард. Мо дар ошхонаи танге, ки ба Расулӣ тааллуқ дошт, зиндагӣ мекардем. Мунирачаи ман як-ду рӯз бемор шуда, ҷон дод. Дар ошхонаи майда, ману Саодат, ки дар зиндагӣ ҳеҷ таҷриба надоштем, бо мурдабача чӣ кор карданамонро намедонистем. Аз даст додани фарзанд як алам бошад, фикри ӯро ба хок супурдан сад алам буд. Мо мусофир чӣ кор карданамонро намедонистем. Расулӣ ба ҳоли мо раҳм хӯрда чунин маслиҳат дод: Ба Шаҳаншоев ном шахс, ки худаш аз Душанбе буда, дар вазорати маориф мудири корҳо аст муроҷиат кунед, вай одами раҳмдил, ба дарди шумо даво мекунад.

Ман рафта ба Шаҳаншоев муроҷиат кардам. Он марди куҳансол, одамшаванда ва бамаънӣ, ки дар қишлоқи Сари Осиё (ин қишлоқ ҳоло ба шаҳр ҳамроҳ шудагӣ) зиндагӣ мекард, маро хуш қабул кард. Дарди маро фаҳмида гуфт, ки бачаро ба ҳавлии ман биёред, худам обу сомон мекунам. Пас, ҷасади бачаро (гӯё ки зинда бошад) ба кампал печонида, як фойтун киро карда ба қишлоқи Сари Осиё гирифта бурдем. Шаҳаншоев ва занаш бачаро шуста, кафан карда, ҷаноза хонда, ба қабристони қишлоқ бурда дафн карданд ва моро аз як таҳлука халос карданд. Илоҳӣ

пешина
аз 339
навбатӣ