Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
арвоҳашон шод бод!
Акнун дар бораи он ки чӣ тавр шуда мо дар ошхонаи квартираи Расулӣ ҷо карда будем:
Обид Исматӣ дар иморати якқабата, дар квартираи бисёр хуб ва дар марказтари шаҳр истиқомат мекард. Ҳамон рӯзҳо ба Самарқанд кӯчида рафтани шуду квартираашро ба ман дод. Ин бино ба Назорати маориф тааллуқ дошт ва дар ҳамон як квартира, ки ду хона, як айвон ва як ошхона дошт, дар як хона ману занам (дар хонаи Обид Исматӣ), дар як хонаи калони дигар Маъруф Расулӣ бо зану фарзандонаш (ду писар ва як духтар) зиндагӣ доштем. Тобистон гузашт, тирамоҳ Обид Исматӣ боз гашта омада, хошо хонаи маро холӣ карда деҳ гуфта аз гиребони ман гирифт. Ман ба маориф муроҷиат кардам. Онҳо гуфтанд, ки пас аз муддате бояд хонае холӣ шавад, онро ба ман медиҳанд. Аммо Обид Исматӣ маро ором намегузошт. Ниҳоят Расулӣ ба миёна даромад, ба ман гуфт, ки шумо як зану шӯ, ба ҳамин ошхона гузаред, хонаи Обид Иматиро ба худаш баргардонед. Ман гуфтам: шумо хӯрокро дар куҷо мепазад? Гуфт ки муваққатан дар айвони ошхона месозем. Ҳамин тавр, бо вуҷуди он ки бечораҳо худашон танг буданд, боз ошхонаро холӣ карда ба ман доданд ва ману Саодат чанд гоҳ дар ошхона бо Маъруф Расулӣ ҳамсоя зиндагӣ кардем.
Вай чунон раҳмдил буд, ки фарзандонаш агар сахт шӯхӣ кунанд сахт ҷанг намекард (ё ки ҷанг карда наметавонист). Агар онҳо бисёр шӯхӣ карда ба ҷонаш расонанд, ҳатто онҳоро танбеҳ карда истода аз чашмонаш ашк мерехт. Ин марди бавиҷдон ва пок ба ҳеҷ кас гапи сахт зада наметавонист, бо ҳама дар муомилаи хуб буд ва гӯё ҳама ӯро дӯст медоштанд ва ҳурмат мекарданд. Аммо дар соли 1937 ҳамин тавр марди фариштаҳисолро гирифта ҳабс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё