Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
карданд ва нобудаш сохтанд.
Зани Маъруф Расулӣ ҳам зани олиҷаноб буд: боақл, озода, мулоимгап ва бамаънӣ. Ин зан ҳам пас аз чанд сол, дар вақти тӯйи духтараш (шояд аз хурсандӣ) шодимарг гашт. Фарзандони М.Расулӣ дар қайди ҳаётанд ва дар корҳои хуб хизмат мекунанд.
Боҷаи Расулӣ — Абдулҳаким Қосимов, ки махсуми қош мегуфтанд, дар ҳақиқат марди хушрӯ, бо абрувони камонмонанд, рӯи дароз, қомати хубу фарас. Вай дар нашриёт муҳаррири сиёсӣ шуда кор мекард, дар тарҷумаи асарҳои Ленин ва Сталин саҳми калон дорад. Ду духтару як писар дорад. Марди доно ва босалиқа буд. Афсӯс, ки ӯро ҳам дар соли 1937 гирифтанд, вале пас аз якуним сол озодаш карданд. Пас аз озодӣ Қосимов осуда нагашт, ба прокурор ва идораҳои дигар аз НКВД шикоят навишт. Шояд ҳамин буд, ки ӯро дафъаи дуюм гирифтанду нобудаш карданд.
Азизӣ. Ин зот аз Истаравшан буда, яке аз мунавварфикрони солҳои 1919-20 буд. Ҳамон солҳо ба фаъолияти адабӣ ва равшаннамоӣ (ҳамроҳи Неъматуллоев) сар карда, мактаби навро хатм намуда, мухбир шуда ва намедонам дар кадом идораҳо кор карда, ба анҷумани халқҳои Шарқ, ки бо сардории Зиновев дар Боку ташкил гашта буд, ҳамроҳи Неъматуллоев рафта иштирок намудааст.
Ман ӯро аз ҳамон дам мешиносам, ки дар Тошканд, дар идораи маҷаллаи «Роҳбари дониш» кор мекард ва ҳикояҳои аввалини худро чоп карда буд. Ҳикояҳояш ҳама ҳаётӣ буда, он чи ки дида ва аз таҷрибаи худ гузаронидааст, ба рӯи коғаз оварда, табиӣ ва равон навишта шудаанд. Танқиди ҳамонвақта ҳикояҳои Азизиро таъриф карда буд. Вай аз ман се-чор сол, балки зиёдтар калон буда, лекин худро калонсол ҳисоб намекард, ба қатори мо ҷавонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё