Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҳамонвақта ҳамроҳ шуда мегашт. Дар соли 1931 ва ё 1932 ба Душанбе омад, дар хонаи стандартии мо як ҳуҷраро аз қабати дуюм ишғол мекард. Зану фарзандонаш дар Ӯротеппа буданд ва ӯ худро тамоми бетааллуқ, безану бача ҳисоб мекард. Пас аз ба Душанбе омаданаш дар идораи маҷаллаи «Бо роҳи ленинӣ», ки ношири афкори муаллимон буд ва педагогӣ ба шумор мерафт, котиби масъул шуда ба кор даромад. Муҳаррири ин маҷалла шодравон Сирус* буд.
Аз баҳори соли 1932 мо як тӯда нависандагони ҷавон гаштак ташкил карда будем, ки Азизӣ ҳам иштирок дошт. Ҳар ҳафта яке аз мо зиёфат мекардем. Аъзои ин гаштак: ман, Абдуғанӣ Мирзоев, Азизӣ, М. Турсунзода, Алихуш ва боз намедонам кӣ буд. Дар гаштак оши палав буду камтар-камтар май ҳам менӯшидем ва сӯҳбатҳои бисёр хуш ва аҷоиб меоростем. Дар ҳамаи ин сӯҳбатҳо Азизӣ «оқсақол» буд ва чун калонсолтари мо ба сӯҳбат раисӣ мекард. Вай ба сафари калони мо, ки соли 1933 ба тарафи Тошканд, Самара, Қазон ва Москва карда будем, ҳамроҳ буд. Тафсили ин сафарро дар очерки махсусе навишта будам, ки агар аз архиви худам ёбам, ба ин хотираҳо илова мекунам.
Абдуғанӣ Мирзоев. Дар гаштакҳо, ба ошпазӣ ва дигар корҳои ҳамаи мо боғайратона иштирок мекардем, ба ғайр аз Абдуғанӣ Мирзоев. Вақте ки ӯро таъна карда ба кор даъват мекарданд, масалан ба биринҷтозакунӣ, сабзӣ наргасӣ кардан, гӯшт пора кардан ва ғайра ва ҳоказо, мегуфт, ки аз дасти ман коре барнамеояд, ман наметавонам. Баъд бо ханда илова менамуд:
__________________ * Сирус яке аз инқилобчиёни Эрон буда, одами тануманд, хушфеъл ва дар роҳи ҳизб хизматнишондода буд. Дар соли 1980 ба 94 даромада қазо кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё