Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Булбул зи ҳунар банди гирифтори қафас шуд,
Аз беҳунарӣ фарогате дорад зог!
Боре, вақте ки худи Абдуғанӣ моро ба ҳавлиаш даъват кард ва ош пухт, аз аввали кор ба ҳама эълон кард, ки мо набояд ба коре даст занем, ҳамаи асбоби ош қариб тайёр аст, ошро худи Абдуғанӣ мепазад. Мо ёрӣ надодем, қартабозӣ ва сӯҳбат карда шиштан гирифтем. Вақте ки ошро кашида овард, аз бӯ, аз хуб бомазагӣ ва болаззат будани ош ҳама ҳайрон мондем. Мо гуфтем, ки ҳамин қадар ҳунари хуб доштӣ, чаро ягон бор дар гаштакҳои дигарон ба кор набурдӣ? Абдуғанӣ хандиду гуфт: «Зог-да, зог!»
Бале, Абдуғанӣ Мирзоев «зог» буд, ба маънои томаш. Аз дасташ корҳои бисёре меомад, метавонист муҳими касеро барорад, метавонист ба касе ёрӣ диҳад, касеро аз бадбахтӣ наҷот диҳад, лекин намекард. Ба кори худаш пухта буд. Эгоист буд, лекин устокорона эгоистӣ мекард. Аз касе қаҳр кунад, аз касе дилаш монад, ӯро то абад бад медид ва ҳеҷ намебахшид, авф намекард. Бештар одамҳоро ба ҳамдигар ҷанг монда, худаш ба канор мебаромад ва хандида, ҷанги онҳоро тамошо мекард. Доно буд, олим буд; ба мартабаҳои олӣ расид, академик шуд; лекин ба гирду атрофаш дӯст надошт. Бедарак набуд, ки рӯзи вафоташ ба таъзияи ӯ хеле кам кас омад ва шогирдонаш наомаданд. Зеро ки бо кирдори бади худ бисёр касонро озурда буд. Бисёриҳо аз вай метарсиданд ва бо мулоҳиза ва андеша бо вай доду гирифт мекарданд. Дар ин маврид ҳадиси Муҳаммад пайғамбари худо ҳаст: «Бадтарин кас он аст, ки мардум аз ӯ битарсанд».
Соли ҷанг ӯро барои Эрон ба сафи армия сафарбар карданд. Дар вақти рафтанаш аз ман хоҳиш кард, ки ҳар сари чанд гоҳ аз модараш хабар гирифта истам. Вақте ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё