Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
пас аз рафтани ӯ ба хонааш хабаргирӣ рафтам, дидам ки Ҳошим (вазири маорифи ҳамонвақта) дар яке аз хонаҳояш истиқомат дорад. Вай маро дилпур кард, ки ҳамеша аз модари Мирзоев бохабар аст ва омада гаштани ман ҳоҷат надорад. Бо ҳамин, ман дилпур шуда рафтам. Вақте ки Абдуғанӣ аз Эрон баргашт, донист ки ман ба хонаи ӯ бисёр наомадаам (ё ки Ҳошимҷаи нобоб шикоят кард), аз ман ранҷид ва ҳарчанд ки ман будани Ҳошимро дар хонааш далел овардам, қабул накард ва бо ҳамин миёни мо вайрон шуд. Вай аз ман қасд гирифт.
Ду моҳ пеш аз сар шудани ҷанг, ман ариза дода аз кори идораи маҷаллаи «Гулистон» (гӯё падари «Садои Шарқ») хориҷ шудам, фақат бо кори эҷодӣ машғул шудан хостам. Ҷанг сар шуд. Ҳамаи нашрияҳоро бастанд. Мондагиаш (нашриёти давлатӣ, рӯзномаҳои марказӣ) ҳам хурд ва ночиз шуданд. Нашриёт китоб чоп намекард, брошюра ва маҷмӯаҳои оид ба ҷанг ва мудофиаро чоп мекард. Ҳамаи ин барои ман ва оилаи ман балои ҷон буд, балои гуруснагӣ буд. Як вақат ба маоши андаки занам - Саодат, ду фарзанд, модарарӯс ва ман зиндагӣ карда наметавонистем. Як бухонка нон сад сӯм ва зиёдтар шуд. Бинобар он ман боз маҷбур шудам, ки кори эҷодиро тарк карда, ба ягон идора ба кор дароям. Хостам ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор дароям. Муҳаррири масъул Фузайлов ном яҳудӣ буд. Вай ба хоҳиши ман бо хурсандӣ ҷавоб дод. Маро мудири шӯъбаи адабӣ карда ба кор қабул кардан хост. Гуфт ки пас аз ду рӯз омада кор кардан гиред. Пас аз ду рӯз омадам. Гуфт, ки мебахшед, ман намедонистам, ин вазифа (штат)-ро аз мо бардоштаанд, дигар ҷои холӣ надорем. Маъюс шуда баргаштам. Ба идораи Нашриёти давлатӣ, ба назди Неъматуллоев рафтам. Илтимос кардам, ки маро ба кор гирад. Неъматуллоев розӣ шуд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё