Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
маро чун муҳаррири арабӣ ба кор таъин кунад. Лекин пас аз ду рӯз ба кор биёям. Пас аз ду рӯз омадам, Неъматуллоев ҳам узр гуфт, ки ҷои кор надорад.
Бо ҳамин тариқ, маро ба ҳеҷ ҷо ба кор намегирифтанд ва баъдтар маълумам гашт, ки ин ҳамаро бо таҳрики Абдуғанӣ Мирзоев, котиби СеКа Ғафуров мекардааст. Худо хайри Ефим Исоевич Мителманро диҳад, рӯҳаш шод бод, ки маро ба кор гирифт, моҳонаи хубе таъйин кард ва ман дар театри ба номи Лоҳутӣ ходими арабӣ шудам. Пас аз чанд гоҳ аз Тошканд Файқоро (драматурги машҳур, ки пьесаи «Человек с портфелем»-и ӯ овоза бардошта буд) даъват карда овард ва ман бо роҳбарии Файко пьесаи «Дили модар»-ро навиштам. Баъд ҳамроҳи Файко пьесаи «Хонаи Нодир»-ро навиштам ва зиндагӣ равнақ ёфт...
Дар ин боби хотираҳоям, чи тавре ки хондед, оид ба як қатор шахсон, ошноён ва ҳамкоронам баёнот дода истодаам. Акнун навбат расид ба Сотим Улуғзода. (Вақте ин сатрҳоро менавиштам, Улуғзода як-ду ҳафта ин ҷониб дар бемористони рақами 4, сактаи майна – инсулт шуда хобидааст. Гоҳ ба худ ва гоҳ бехуд мегӯянд. Ман ду бор ба аёдаташ рафтам, ба ҳолаш дилам сӯхт. Ин ҳам мисли Раҳим Ҷалил бо азобу машаққат қазо накунад, мегӯям).
Сотим Улуғзода аз деҳаи Варзики Фарғона, тоҷик, ҷавони хушрӯ ва зебо буд. Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро хатм карда ба кор, ба Душанбе, ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар соли 1931 омада буд. Ман бо Улуғзода дар анҷумани якуми лингвистони Тоҷикистон, дар августи соли 1930, дар Душанбе шинос шуда будам. Як расми (сурати) калон дорам, ки дар он тақрибан ҳамаи иштироккунандагони ҳамин анҷуман акс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё