Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ёфтаанд. Дар он сурат ману Улуғзода дар қатори пеш нишастаем, ки ҳар ду ҳам ҷавони наврас будем.
Дар ҳар ҷои ин хотираҳоям дар бораи Улуғзода андакандак баён карда будам. Улуғзода одами доно, боақл, ба маънои томаш зиёӣ ва хондагӣ – босавод мебошад. Одами вазнин, батааннӣ, бамулоҳиза, вале хеле худхоҳ, ботинан эгоист ва агар лозим ояд, ҳатто ба дӯсти наздикаш ҳам тайёр аст, ки хиёнат кунад. Ин ҳол аз худхоҳӣ ва эгоистии ӯ сар барзадааст.
Дар соли 1937, баъд аз оне ки маро ҳабс карданд, Улуғзода ба газетаи «Тоҷикистони сурх» мақолаи калоне навишта, маро сиёҳ кардааст. Гуфтааст, ки Икромӣ писари қозӣ ва қозикалонзода. Икромӣ душмани халқ ва душмани ҳокимияти шӯроӣ, зеро ки дар «Тирмор» ном асараш персонажи манфӣ Замира аст. Пас ба духтари худаш ҳам номи Замираро додааст, ки ҳамин тавр манфӣ шавад, ғайра ва ғайра... Пас аз озод шуданам рафта ба рӯяш гуфтам, ки шумо одами бамаънӣ, мантиқ ва ақл доред, наход ки падар мехоҳад фарзандаш мисли персонажи манфӣ бадкирдор бошад? Инро шунида гуфт, ки чӣ кор кунам, аз гулӯям сиққонда гирифта буданд, агар нанависам, худамро ҳабс мекарданд. Ман гуфтам, ки хайр ҳабс кунанд, кардан гиранд; худамро ҳабс накунанд гуфта, каси дигари бегуноҳро ба куштан медиҳед?!
Ман аз гуноҳаш гузаштам, боз дӯст шудем, боз ба
ҳамдигар муҳаббат пайдо кардем... Улуғзода мегуфт, ки
акнун сад кас омада гӯянд, ки Икромӣ одами бад, ман
мегӯям, ки не, Икромӣ одами соф ва беғаш аст. Ба ин
гапҳо бовар кардам. Вале дере нагузашт, ки боз аҳдро вайрон карданд: Дар соли 1990 ман ба гирифтани автомобил
ариза додам. Улуғзода ҳам ариза дода будааст. Раиси
шӯрои шаҳр – Икромов ба ман ваъда дода, ки махсус ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё