Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
номи ман як «Волга» медиҳад, лекин надод. Рӯзе ҳамроҳи Убайд Раҷаб, ки раиси кумитаи маҳаллии Иттифоқи нависандагон буд, ба назди раиси шӯрои шаҳр – Икромов рафтем. Вай моро дида гуфт, ки дигар на ба Икроми, на ба Улуғзода ва на ба нависандагони дигар автомобил намедиҳад, зеро ки Улуғзода аз ман (яъне аз раиси шӯрои шаҳр) ба рафиқ Қаҳҳор Маҳкамов шикоят кардаанд, гуфтаанд, ки Икромов ба хеши худаш, ба Ҷалол Икроми мошинаи Волга медиҳаду ба ман не! Ман кай ба он кас не гуфтаам?! Дурӯғгӯй ҳам ҳад дорад!
Пас аз ин ману Убайд чӣ қадар илтимос кардем. Ниҳоят раиси шӯрои шаҳр розӣ шуд, ки ба ман мошинаи УАЗ – яъне ки «газик» медиҳад. Ҳақиқатан ҳам пас аз як-ду моҳ ман УАЗ гирифтам, Аъзам Сидқӣ ҳам, аммо Улуғзода пас аз як-ду моҳи дигар соҳиби як мошинаи «Нива» шуданд.
Аз ҳамин ду мисол ман гуфта метавонам, ки агар манфиати худашон бошад, «ҷӯраи ҷонии ман» Улуғзода ба як пул мефурӯшанд. Ана ҳамин хусусияти он кас хуб не. Ба худашон хеле менозанд, мағрур ва таманное доранд. Дар вақташ зани мурдагиашон Клавдия Вишневская мегуфт, ки дар Душанбе як шавҳари хуб ҳаст, вай ҳам шавҳари ман; як фарзанди хуб ҳаст, вай ҳам фарзанди ман; як оилаи олӣ ҳаст, он ҳам оилаи ман! Ин ғоя аз худи Клава набояд бошад, ин аз таъсири ҷӯраи ман бояд бошад!
Улуғзода нависандаи хуб аст. Аввал аз танқид сар кард, баъд ба драматургӣ гузашт ва ниҳоят насрнавис шуд. Дар байни асарҳои насрии вай ба ман романи «Восеъ» хеле маъқул аст. Ман ин романро таҳрири адабӣ карда, хеле хуб ва бодиққат хондам ва таҳлил намудам. Улуғзода «сарам-дилам», донам надонам наменависад. Як мавзӯъро, ки гирифт, материали онро хуб ва ҳартарафа меомӯзад ва баъд ба навиштан сар мекунад. Дар «Восеъ» ҳам шӯриши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё