Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

деҳқонҳоро хеле ба тафсил ва боварибахш навишта аст. Хусусан дарбори амири Бухоро, гирудори вазир ва қӯшбегиҳоро дониста ва хуб навиштааст. Ин роман аз тарафи Лукнитский ба забони русӣ ҳам тарҷума шуда, чоп гардид.

Улуғзода дар мавзӯъҳои таърихӣ, дар бораи зотҳои машҳур ва классикҳоямон чандин асарҳо офарида аст: Темурмалик, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш барин асарҳои вай ва драмаҳояш машҳуранд. Улуғзода одами батафаккур ва нависандаи хуб аст. Бинобар он ман боз ва боз аз «гуноҳ»-ҳои ӯ мегузарам. Одам шири хом хӯрда аст, аз як ҷиҳат нағз бошад, аз ҷиҳати дигар камбудинок мешавад. Дар дунё одами тамоман бегаллуғашро ёфтан мушкил.

Улуғзода ду писару як духтар дорад. Писари калонӣ – Азиз пас аз вафоти модараш, дар солҳои шастум ба Ҳиндустон рафта, дар он ҷо ба воситаи сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ ҷуста ба Лондон рафта буд. Ҳоло вай дар хориҷа (намедонам дар Лондон, ё Порис, ё Олмон) аст. Пас аз ба хориҷа гурехтани Азиз ба сари Улуғзода балоҳо омад. Ҳамон вақтҳо дар хонаи эҷодии Переделкино ман Мирзо Турсунзода аз самими қалб Улуғзодаро даъват кардем ва маслиҳат додем, ки бар зидди писараш як мақола навишта, ӯро «оқ» кунад ва аз писараш даст кашад. Лекин Улуғзода қабул накард, ин тавр мақола навишта наметавонам, ба ҳар ҳол Азиз фарзанди ман аст, гуфт. Аз ин сӯҳбат каме фурсат гузашту Улуғзодаро ба зери тозиёна гирифтанд. Дар маҷлиси ташкилоти партиявии Иттифоқи нависандагон амали фарзандаш ва муносибати ӯро муҳокима карданд. Аз Турсунзодаю Миршакар сар карда, то Юсуф Акобир ва дигарон тарафдори аз партия хориҷ кардани ӯ шуданд. Ман пеш аз ҳама бархоста ба ин таклиф муқобил

пешина
аз 339
навбатӣ