Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
баромадам (бо вуҷуди он ки рӯзона котиби ҳамонвақтаи ташкилоти партиявии нависандагон – Левин Михаил маро махсусан чеғ зада гуфта буд, ки тарафдори аз партия хориҷ карда шудани Улуғзода бошам. Лекин ман ба ӯ ҷавоби рад дода будам). Дар маҷлис баромад карда гуфтам, ки ба Улуғзода фақат «виговор» дода шавад, зеро падар ба кирдукори писар ҷавобгар не. Аз партия хориҷ кардан ба марг ҳукм кардан барин аст. Таклифи маро Сирус, Арнолд Одинсов ва боз намедонам киҳо тарафдорӣ карданд ва дар овоздиҳӣ моён 12 нафар бар зидди 11 нафар шуданд. Бо ҳамин Улуғзодаро аз партия хориҷ накарда, ба виговор момондем. Лекин қарордоди моро дар Райком лағв карда партофтаанд ва бюроӣ СеКа Улуғзодаро аз партия хориҷ кард. Бо ҳамин Улуғзода 18 сол бепартия буд. Мирзо чанд бор ба Расулов – котиби якуми СеКа-и Тоҷикистон муроҷиат карда ба партия гашта монондани Улуғзодаро илтимос кард, лекин Ҷаббор Расулов қабул накард. Ниҳоят пас аз ҷорӣ шудани бозсозӣ котиби ҳозираи СеКа – Қаҳҳор Маҳкамов ба Улуғзода марҳамат карда ӯро боз гашта ба партия барқарор карданд.
Улуғзода аз зани дуюмаш боз соҳиби як писар шуд, ки номаш Зариф аст. Лекин ин Зариф аз ҷиҳати ақлу дониш нуқсонҳое дорад. Худаш бачаи хуб. Азиз ҳанӯз дар хориҷа аст. Як-ду бор хоҳарашро – Нораро чеғ зада ба Лондон ва Порис бурд, хеле хуб пазирой карда, хурсанд карда баргардонид. Мегӯянд, ки Азиз дар хориҷа ҳаёти хуберо аз сар мегузаронад.
Аз ҷиҳати синну сол Раҳим Ҷалил бо ман ҳамсол буд.
Вай ҳам дар соли 1909 (фақат дар моҳи июн) таваллуд ёфтааст. Ҳоло мехоҳам дар бораи ин нависандаи халқии Тоҷикистон, аъзои комитети марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, дорандаи ордени Ленин ва ғайра хотираи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё