Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
худамро давом диҳам.
Раҳим Ҷалилро аз солҳои 1933-34 ин тараф мешиносам. Пеш аз ҳабс шуданам (ҳарчанд одами ноустувор буданашро медонистам) ҷӯраи «ҷонӣ» будем. Борҳо ман ба Хуҷанд рафта, ба ҳавлии Раҳим Ҷалил меҳмон шудаам. Вай одами меҳмондӯст, улфат ва ҷӯрабоз буд. Қорашро аз мухбирӣ ва корманди идораи газета сар кардааст. Ба нависанда шудани ӯ Ҳаким Карим то як дараҷа мадад расонидааст. Раҳим Ҷалил бисёрии вақти эҷодии худро дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» гузаронидааст. Дар ин идора муовини муҳаррир, баъд сармуҳаррир шуда кор кардааст. Баъд аз оне ки дар Хуҷанд шӯъбаи нависандагони тоҷик ташкил шуд (онро ман рафта ташкил кунонида будам), Раҳим Ҷалил котиби масъули ин шӯъба шуд ва аз ҳамин ҷо моҳёна мегирифт, идора ташкил дод, ба худ духтаракро котиба карда гирифт (баъд бо ин котиба ҳамзистӣ карда, зану шӯ шуда, ҳатто аз қайд гузарониданӣ шуд). То охири умраш (касал хобида бошад ҳам) вай котиби ташкилоти нависандагони Хуҷанд буд. Дар соли 1989, тобистон аз ҷаҳон чашм пӯшид. Лекин хеле азоб кашида мурд. Чандин сол безабон, беҳаракат, бистарӣ шуда, нимзиндаю ниммурда хобид. Зани аввалаи ӯ Ҳалима ном дошт. Вай зане буд бесадо, ҳалима, вазнин, коркун, мутеи шавҳар... Аз вай як духтару як писар дорад. Писари калонӣ - Манзур, ки ҳоло академик шудааст. Касбаш геология. Духтараш духтур - табиб.
Раҳим Ҷалил нависанда буд. Ба ин шубҳа нест. Аввалҳо ба мавзӯъҳои замонавӣ менавишт. Ҳикояҳои хеле хубаш ҳаст. Хусусан дар ҳаҷвнависӣ усто буд. Баъд романи «Пӯлод ва Гулрӯ»-ро навишт. Боре, пеш аз даҳаи адабиёти тоҷик дар Москва, ман дар як хона, Раҳим Ҷалил дар як хонаи боғи (дачаи) Шӯрои вазирон нишаста, ман романи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё