Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Шодӣ», вай романи «Гулрӯ»-ро менавиштам. Ба ҳамдигар мадад мекардем. Дар вақти навишта истодани «Шодӣ» дар як ҷо илҳом ба охир расид, кор пеш нарафта монд, фикри дуруст намеомад. Ҳарчанд ҳаракат кардам нашуд. Баъд қаламу қоғазро ба ҷояш монда аз хона берун баромадам, ба сӯи хонаи Раҳим Ҷалил рафтам. Аз тиреза дидам, ки вай бо ангушташ мӯи сарашро печонида-печонида ба қалами карандаш ба дафтари мактабӣ навишта истодааст. Оҳиста дарашро рафта тақ-тақ задам. Иҷозат дод. Даромада аҳволпурсӣ кардам ва аз ҳоли худ хабар додам, ки корам пеш нарафта истодааст. Раҳим гуфт, ки ман як боби бисёр ғалатӣ навиштам, ба ту хонда диҳам, шояд илҳом биёяд. Ман розӣ шуда гӯш кардам. Вақте ки хонда шуд, ман ҳис кардам, ки ба ман ҳам илҳом омад. Ба хонаи худ баргашта, ба сари кор нишастам, корам пеш рафт...

пешина
аз 339
навбатӣ