Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
СОЛИ 1937
Ин соли наҳс ва бадбахтие буд, ки ба сари халқҳои тамоми мамлакат ҳабсу табъиду марг овард. Ин соле буд, ки гумон мекардед, пас аз кӯрдуд-кӯрдуд сохтани хонумонҳо якбора оташи фалокатовар шӯъла барафрӯхт ва бадбахтиҳои бузургро сабаб гардид. Оё оташдиҳандаи ин сӯхтор, боиси ин ҳама бадбахтиҳои мардум дар чӣ буд? Кадом золими хунхор фармуда буд, ки миллионҳоро бигиранд, азоб диҳанд, таҳқир кунанд, ҳабсу табъид намоянд ва ба вартаи марг партоянд? Он солҳо, ки НКВД (КГБ) иҷрокунандаи ҳабси мардумон ва кушандаи миллионҳо буд, ҳама сардорони ин идораи фавқи ҳамаи идораҳоро, Ежовро, Ягодаро, Бериаро ва дигаронро боис медонистанд ва гумон доштанд ин сардорон ба сари мардум фалокат меоранд; аммо Сталин гӯё намедонад, гӯё аз ин зулму бедодӣ хабар надорад. Вай бо гирифта куштани сардори аввали ин идора - Ягода ва баъд бо гирифта куштани Ежов ва таъини Бериа гуноҳро ба сари онҳо монда буд ва чунон воменамуд, ки худаш бегуноҳ аст. Мо ҳам ҳама ба ҳамин ақида будем. Мардум аз ҳар тараф ҳазорон ариза ва дархостҳо ба номи Сталин менавиштанд ва аз вай бо илтиҷо хоҳиш мекарданд, ки он бегуноҳонро фармояд, ки озод кунанд.
Ин асрор фақат пас аз анҷумани бистуми ҳизбии коммунистӣ, пас аз гуфтори Никита Сергеевич Хуршев равшан гашт, ки боиси ин зулму куштор бевосита худи Сталин будааст. Ин даҳшат ва хунхӯрии вай оҳиста-оҳиста дар рӯзҳои пас аз соли 1985 ба воситаи матбуот равшантар гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё