Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ман расид. Албатта то ба он вақт ҳам дар дорулмалимини Бухоро ҳар замон аз тарафи баъзе комсомолони ношуд ва ҳасуд, баъзе бадкирдорон таънаҳо мешунидам, ҳо писари қозӣ, ҳо махсумҷон гуфта чеғ мезаданд, гӯё писари қозӣ буданам бо песу мавахҳо баробар бошад! Ҳатто як бор ду тоторбача – бародарон маро таъна карданд ва аз тарафи ман, ки ҷавоби сахт шуниданд, бо мушт ба сарам кӯфтанд. Ба ин бедодгарӣ на мудирият, на сардорони ташкилотҳои комсомол ва фирқа аҳамият надоданд, лекин ба ҳар ҳол он бедодгарии талабагони бадкирдор ва тоторҳои разил буд. Мудирият ва муаллимон ба ман дар қатори ҳама баробар нигоҳ мекарданд, ҳатто барои нағз хонданам, таъриф мекарданд. Аммо аз институт хориҷ карда шудани ман бедодгарие буд, ки аз тарафи роҳбарият, аз тарафи идораҳои «адолатпарвар» ба амал меомад. Акнун ман ба куҷо дод гуфта рафтани худро намедонистам...

Малӯл шудани маро дида, кадом як муаллими раҳмдил маслиҳат дод, ки ба нозири маориф – Маннон Ромиз рафта арз кунам. Пас аз як рӯз навбат поидан, ба ман муяссар шуд, ки ба назди нозир дароям. Маннон Ромиз одами бад набуд, баинсоф менамуд (боз намедонам!) маро хуш қабул карда арзамро шунид, вале гуфт ки:
– Хайр, ҳеҷ боке не. Ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, майлаш, рафта як сол кор кун, баъд биё, боз туро ба институт қабул мекунем.
– Ба куҷо рафта кор кунам? Чӣ кор кунам?!
– Мо туро ба Термиз мефиристем. Дар он ҷо пулро мӯлтар медиҳанд. Зимистонаш чандон хунук не, тобистон таътил мешавад, ту боз гашта меоӣ!

Ман розӣ шудам. Худи ҳамон рӯз бо фармони Маннон Ромиз ба ман шаҳодатнома ва роҳхату пул доданд ва ба

пешина
аз 339
навбатӣ