Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ҲИҶРАТ БА ДУШАНБЕ
Ман дар бобҳои гузашта кам-кам дар бораи ҳаёти Самарқанд ва дар мактаби олӣ хонданам навишта будам. Ҳоло мехоҳам, ки дар бораи аз ин мактаби нағз ҳангоми бо ҳавасу иштиёқ хонда истоданам, чӣ тавр ронда шуданам, нақл кунам.
Дар охири соли таҳсили 1927-28 дар мактаби олии мо ғавгое сар шуда рафт. Гӯё як ҷавони тошкандӣ (ё Туркистонӣ) миллатчигӣ карда шеърҳо навиштааст ва ташвиқоти зидди советӣ бурдааст. Якбора аз идораҳои боло - Маориф, Горком ва НКВД «одамҳо» омаданд, маҷлисҳо карданд; он ҷавон, ки номаш Мирзо Раҳимов буд, ба зери ҳуҷуми «найзабозҳо» монд ва дере нагузашта омаданду гирифта бурда ҳабс карданд. Дигар ҳамаи мо студентҳо ба воҳима ва тарс афтодем. Баъд аз Маориф ва КМ партия Комиссияи тозакунии сафи студентон омада ба кор сар кард ва ҳар рӯз ба тахтаи эълони мактаб номи қатор-қатор бегуноҳон навишта мешуд, ки бинобар «бегона» буданашон аз мактаб ронда шудаанд. Дар қатори дигарон ман ҳам ҳар рӯз ба мактаб омада, аввалин коре ки мекардам, рӯйхатро аз назар гузаронидан буд. Ниҳоят рӯйхати аз мактаб ронда шудагон ба охир расид ва хайрият, ки номи ман набаромад. Аз ин ҷиҳат хурсанд шуда, пас аз супоридани имтиҳонот ба Бухоро рафтам, бо Баҳоутдин Икромӣ маслиҳат карда, ба сафари Самарқанду Хуҷанд баромаданӣ шудем. Иттифоқан Муҳиддин Аминзода ҳам дар Бухоро буд ва ӯ барои ин сафари мо боиси аввалин буд. Ман ки барои аз мактаб ронда нашуданам хурсанд будам ва дар ҳақиқат маро - писари қозиро, чияни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё