Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

қозикалони Бухороро ба рӯйхати рондашудагон нанавиштан, як мӯъҷиза, як бахти баланд буд, бо хурсандӣ ба саёҳат рафтанро такозо мекардам.

Се ҷӯра ба поезд нишаста, аввал ба Самарқанд рафтем. Дар Самарқанд, дар мадрасаи Шердор, дар ҳуҷраи Муҳиддин Аминзода қарор гирифтем. Ин ҳуҷра дар қабати аввал буда, тирезааш ба тарафи бозорчае, ки дар байни мадрасаю тоқи калапӯшфурӯшӣ буд, кушода мешуд. Аз он тиреза ҳамаи овозҳои фурӯшандагон — нонвойҳо, қаннодҳо, кабобпазҳо шунида мешуд. Дар он мадраса институти мусиқии миллии Узбекистон ҷо гирифта буд. Ҳамаи ҳофизони машҳур ва навозандагони овозадори онвақта дар он ҷо гирд омада буданд. Муҳиддин Аминзода ҳам дар ин институт мехонд, танбӯр машқ мекард. Ҳаррӯз пас аз пешин дар рӯи ҳавлии мадраса бузургони институт – Мулло Тӯйчӣ, Домулло Ҳалим, Абдуқодир Найчӣ, акамуллои Тоҳирҷон ва дигарон ҷамъ шуда машқ мекарданд, месуруданд ва як базми олиҷанобе барпо мегашт. Мо, сайёҳон кайф карда аз он лаззат мебурдем. Дар ин сафар як рӯз моро устод Айнӣ ба ҳавлиашон хабар карданд. Ману Баҳоутдин Икромӣ рафтем. Аз Бухоро Мӯсо Сайдҷонов, аз Самарқанд намедонам киҳо буданд. Сӯҳбати бисёр хубе шуд.

Аз Самарқанд ба Хуҷанд рафтем. Он вақтҳо аз стансияи Хуҷанд то ба шаҳр бо фойтунҳо рафтан лозим мешуд. Байни шаҳр ва стансия аввал як дашт буд. Фақат дар қарибии шаҳр ободониҳо сар мешуданд. Дар шаҳр ду марказ буд: Чоршанбе ва Панҷшанбе. Дар Чоршанбе чойхонаҳо, дӯконҳо ва майдони васеъ буд, ки дорбозҳо дории худро барпо карда буданд. Мо дар ҳавлии Аминзода иқомат кардем.

Саёҳатамон хеле хуб гузашт, лекин дар охири кор андак

пешина
аз 339
навбатӣ