Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Айниро муаллим, худро шогирд нагӯед!» Аммо ба ин суханҳо ман фирефта нашудам, дар ҳар ҷо Айниро устоди худ гуфтам ва дар ин ҷо боз ба тафсил менависам: Дар дорулмуаллимин мехондам, ба адабиёт ва шеър иштиёқе, ҳавасе доштам. Лекин дар ҳеҷ як рӯзнома ва маҷалла ягон чизи ман чоп нашуда буд. Шеърҳоямро фақат ба газетаи девории мактаб навишта мебароварданд.
Боре (вақто ки синфи сеюмро хатм карда ба синфи чаҳорум ва охирин гузашта будам) хабар омад, ки Садриддин Айний ба Бухоро омадаанд. Он вақт устод чун патриот ва ташвиқкунандаи забони тоҷикӣ ва эҳёкунандаи миллати тоҷик машҳур шуда буданд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и он кас чоп шуда баромада буд ва дар натиҷаи ин, маданияти ҳазорсола ва мероси бои классикӣ доштани халқи тоҷик, бузургӣ ва қудрати халқи тоҷик ба ҷаҳониён аён гашта буд. Устод Айний ба муқобили пантуркистон ва миллатчиёни ӯзбек қаҳрамонона ҷанг эълон карда, гуфтанд, ки халқи Бухоро ва Самарқанд тоҷикони асланд ва ин шаҳрҳо маркази маданияти қадимаи халқи тоҷик мебошанд. Он вақтҳо (солҳои 1926-27) чунин ҷасорат ҳақиқатан қаҳрамонӣ ҳисоб меёфт. Зеро ки дасти пантуркистон ва миллатчиёни ӯзбек хеле боло буд. Инак, ба Бухоро омадани устод Айниро шунида, мо чанд нафар ҷавонон ба наздашон рафтем. Устод бо ҳама ҳолпурсӣ намуда, кӣ будан ва аз авлоди кӣ буданашро мепурсиданд. Маро зуд шинохтанд ва пурсиданд, ки ба адабиёт шавқ дорам, ё не. Гуфтам ки ҳавасмандам, лекин чизе чоп накардаам. Чӣ менависед? – гуфта пурсиданд. Гуфтам, шеър менависам. Ман ки тоҷикдӯст будани устодро медонистам, пешакӣ як шеъри тоҷикӣ навишта бурда будам ва ҳамон шеърро хонда додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё