Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯзбекӣ).

Мо мегуфтем, ки:

– Экамиз (яъне мекорем).

– Пекӣ, – мегуфт муаллим ва ба хотираш оварда дарсро давом медод.

Ана ҳамин тавр буд хондани мо!

Ман ҳам, гарчанде авлод ба авлод тоҷики холис ҳастам, (бобокалонамон аз Ховалинги Тоҷикистон то Бухоро пиёда рафта, аввал дар мадрасаи Мири Араб фаррош шуда, хонда, баъд мударрис шуда буданд). Бо вуҷуди он дар анкетаҳо турк, ӯзбек нависондаам. Миллатчиёни ӯзбек, пантуркистон дар солҳои бистум сиёсати туркӣ кунонидан, ӯзбек кунонидани аҳолии Бухороро ҷорӣ карда буданд. Дар вақти ба қайд гирифтани аҳолӣ ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта мепурсиданд, ки «шумо ӯзбек ҳастед, ё эронӣ?» Ба суол албатта ҳама аз эронӣ (шиа) будан иҷтиноб намуда, худро ӯзбек (суннӣ) меномиданд. Дурусттараш ҳамин, ки ҳама авом ва ҳатто босаводи Бухоро то инқилоб чӣ будани миллат ва миллиятро намедонистанд. Мо дар мактаби кӯҳна мехондем: «Миллат ба кӣ дорӣ?» гуфта пурсанд, бигӯ, ки «ба Иброҳим халилуллоҳ!» Вассалом, дигар чиз не! Баъд вақто ки миллат ва миллият муайян шуд, кор ба дасти пантуркистон афтод ва аксарияти халқи Бухороро «ӯзбек» номиданд. Баъдтар ман донистам, ки Файзулло Хоҷаев ва атрофиёнаш ба иғвои пантуркистон дода шуда, худро турк ва ӯзбек номидаанд. Хусусан ин ки Файзуллои ҷавонро раиси шӯрои нозирони ӯзбек интихоб карданд ва бардор-бардор намуданд, вай ғирт ӯзбек шуд (ва ҳол он ки аслаш араб аст!). Аммо Абдуқодир Муҳиддинов ва атрофиёнаш тоҷикпараст буданд. Ба тоҷикпарастии Абдуқодир Муҳиддинов ба гумонам, таъсири устод Айнӣ калон аст. Зеро ки он кас бо Муҳиддинов наздик буданд, ӯ

пешина
аз 339
навбатӣ