Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мадраса идораи мактаб, идора ва амборҳои хоҷагӣ, хонаи муаллимҳо ва дигарҳо буд. Дар дарсхонаи мадраса ошхона (ҷои хӯрок мехӯрдагӣ), дар масҷид ҷои тарбияи бадан буд. Дар хобгоҳ аҳвол бад набуд. Ҷӯраҳо, рафиқон буданд. Хушухурсандона мехондем. Баъд мактаби мо ба гузари Собунгарон кӯчид, ки дар ин ҷо ҳукумат бинои якқабатаи хубе сохта буд. Ними бино дарсхона, нимаш хобгоҳ буд. Дар ин ҷо ҳайъати талабагон гуногун шуд, тоторҳо ва қазоқҳои бисёре пайдо шуданд. Ду тоторбачаи ака-ука буданд, ки беҳад бадрафтор ва бо ман намедонам барои чӣ хусумат доштанд. Боре ҳарду ба ман ҳуҷум карданд, заданӣ шуданд, вале рафиқони дигар (ба мисли Сулаймон Алӣ, ки сардори комсомол буд) нагузоштанд. Баъд он ҳарду мактабро тамом накарда ба куҷое гум шуданд. Мо ба забони ӯзбекӣ ва туркӣ мехондем. Муаллимҳои бухороӣ, ки дар Туркия таҳсил карда омада буданд, гоҳо ба туркӣ, гоҳо ба ӯзбекӣ ҳарф мезаданд. Муаллимҳои дигар ба забони ӯзбекӣ дарс медоданд. Як муаллим буд, ки ӯро Киромиддинов мегуфтанд, нисбатан ҷавон буд, дар Туркия таҳсил карда буд. Вақто ки мактаби мо дар Собунгарон буд, вай аксар вақт ба дарс қафо мемонд. Дарси табииёт медод. Мо ба синф даромада мунтазир мешудем, пас аз даҳ-понздаҳ дақиқа ба консилярия нарафта, рост ба синф медаромад. Қабокҳои варам, лабулунҷ овезон, маълум, ки шаби дароз арақхӯрӣ ва мастӣ карда, аз хоб сер нашуда омадааст. Ба синф медаромаду дар назди тахта (доска) ба инсӯ-онсӯ мегашт ва баъд мепурсид:
– Гечан дарс на эдӣ? (дарси гузашта чӣ буд?) Бачаҳо мегуфтанд, ки:
– Дона эдӣ (дона буд).
– Пекӣ, – мегуфт муаллим (яъне «ҳуб») – Донайи нима қиламиз (донаро чӣ мекунем? «Нима қиламиз»-аш

пешина
аз 339
навбатӣ