Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

фақат як хоҳар дошт, ки номаш Фотимахон буд. Ман Мисбоҳро пештар надида ва ё мушаххас накарда будам. Вақте ки дар соли 1930, моҳи август ба аввалин анҷумани забоншинос (лингвистон)-и тоҷик ба Душанбе вакил шуда омадам, Мисбоҳро дидам, ки муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Сурх» буд. Вай ҷавони миёнақад, чашму абрӯ сиёҳ, сафедпӯст ва зебое буд. Аз ҳад зиёд фаъол, серҳаракат ва сергуфтор, ҷозиб, то як дараҷа «сурх» ва «яшасунчӣ» буд. Ҳамроҳ ва ҳаммаслаки ӯ Саидризо Ализодаи бухороӣ (аз эрониҳо) муҳаррири газетаи комсомол буд. Ин ҳар ду, гӯё аз лидерҳои матбуот ва ҷамъияти ҳамонвақтай Душанбе буданд. Инҳо ба анҷумани мо — нависандагон, олимон ва мутахассисон ҳам иштирок доштанд, вале ягон бор ҳам, бо ягон таклиф баромаде накарданд. Фақат дар гирдуатрофи роҳбарон, калонҳо (ба мисли Шоҳтемуров, Лоҳутӣ, Айнӣ ва дигарон) мандонамӣ карда мегаштанд ва бештар худнамоӣ мекарданд. Мисбоҳ бо ман фақат «саломуалейк» буд. Дар анҷуман бо вай сӯҳбате накардаам. Пас, вақте ки (дар тирамоҳи соли 1930) кӯчида омадем, Мисбоҳ то як дараҷа бо ман наздик шуд ва «ҳамшаҳригӣ» кардан гирифт. Дар маркази шаҳр (дар рӯбарӯи боғи пионерон) хонаи хубе дошт ва бисёр вақт зиёфат ва сӯҳбатҳо мешуд. Дар ин зиёфатҳо, зани зебо ва паричехраи ӯ - Муаллимаро мо дида ҳайрон мешудем. Мисбоҳ занашро дӯст медошт ва хеле эрка мекард. Боре зиёфате чег зад, ки дар он Аббос Алиев ва Фотимаҷонҳо ҳам ҳузур доштанд. Аббос ба Фотимаҷон хеле хушомад кард, гӯё «ҳунари» худро нишон додани шуда, Фотимаҷонро «гипноз» кард. Фотима ҳам гӯё ба «гипноз» дода шуда, як андак хоб кард. Дар ин зиёфат Аббос ва Мисбоҳ, Фитратро «фурӯхтанд» ва ба Фотимаҷон фаҳмондани шуданд, ки Фитрат лоиқи шавҳари ӯ нест, вай

пешина
аз 339
навбатӣ