Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

занаш ба шавҳар доданд. Падари Дониёрбек дузд ва босмачӣ буда, ӯро дар сари замин душманонаш мепарронанд. Баъд Дониёр аз душманиони падараш ниқор мегирад ва шаҳр омада як ҳавлиро мехарад ва зани ҷавонашро ҷойгир мекунад. Муҳаббатхон аз вай як духтар мезояд, ки номашро Муслима мемонанд. Муслима ҳанӯз дусола нашуда Дониёрбекро ГПУ гирифта ҳабс мекунад ва бо ҳамин дигар барнамегардад. Муҳаббатхон се-чаҳор шавҳар мекунад. Аз ин шавҳарҳо боз ду духтари дигар шуд. Шавҳари охиринашон Ҳамидов (лақабаш «Кӯҳна») буд, ки дар театри Лоҳутӣ артист буд. Муҳаббатхон дар соли 1985 вафот кард. Се бародари Муҳаббатхон — Зуҳурхон, Аслихон ва Муслеҳхон буданд, ки аҳволашон чунин аст:

Зуҳурхон ҷавони болаёқат, ҷавони бамаънӣ ва софдил буд. Вай дар мактаби мусиқии миллӣ, ки дар вақташ онро Фитрат ташкил карда буд, даромада хонд. Аввал дуторнавозӣ кард, баъд ба танбӯр гузашт. Зуҳурхон танбӯрро чунон хуб ва чунон форам менавохт, ки шунаванда кайф мекард. Вай ба Душанбе ҳамроҳи мо омад, ҳамроҳи мо зиндагӣ кард, пас ба театри ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад. Дар ин театр, ки дар солҳои си дастаи калони мусиқинавозон буданд, ба мисли акаммулои Тоҳирҷон дуторӣ, Қаровулбегии рубобнавоз, Бадеъ Наҷмуддинови гижжакнавоз ва дигарон... Зуҳурхон ҳам бо танбӯраш ба онҳо ҳамроҳ шуд. Баъд хона гирифт, модар, хоҳар ва бародаронашро аз Бухоро кӯчонида овард. Дар соли 1933, вақто ки Мисбоҳ Бурҳоновро ба ҳабс гирифтанд, зани зебои ӯ — Муаллимаро ба занӣ гирифт.

Модоме, ки гап дар бораи Мисбоҳ Бурҳонов расид, ман маҷбурам, ки оид ба ӯ хотиротамро баён кунам.

Мисбоҳ Бурҳонов ҷияни Мукаммал ва Мазҳар Бурҳоновҳо (аз бародари калонии онҳо) мебошад. Вай

пешина
аз 339
навбатӣ