Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Духтари Мунъимахони раҳматӣ - Ризвонхон пас аз хатми мактаби миёна ба шавҳар - ба Темурхон ном як хеши падари Саодат расид ва аз вай ду духтар таваллуд кард, ки калониаш - Башира дар синни ҳафт-ҳаштсолагӣ вафот кард. Хурдиаш - Мунзираро мо ба Душанбе гирифта оварда, ба тарбияи худ гирифтем. Бо ҳамин дар ҳавлии мо ба ғайр аз фарзандҳои худамон чаҳор нафар сағира монданд, ки ҳамаашонро ба воя расонида калон кардем, хонондем ва оиладор кардем. Мунзира ба писари холаи Асолатхон (духтари амаки ман) - Муҳаммадхон Раҳмонов расид, ки аз вай ду фарзанд дорад. Сулаймон (писари Мунъимахон) ҳам дар Душанбе бо мо буд, муаллимӣ мекард. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон фидокорона ба фронт рафта, дар соли 1944 захмӣ ва контузия шуда баргашт. Пас аз муолиҷаи ду-сесола ба ҳол омаду чанд гоҳ дар кадом идораҳои хоҷагӣ кор кард, муаллим ва директори мактаб шуд. Оҳиста-оҳиста беморӣ ва дарди мағзи сар авҷ кард. Тирҳое, ки дар устухони сар халида буданд кори худро карданд ва Сулаймонхон дар соли 1971, дар моҳи июн вафот кард.

Дар бораи писарҳои амаки қозикалон: Зани хурдии амакамро мо янгапошшои хурдӣ мегуфтем. Аз он кас чаҳор писар ва духтар шуд. Писари калонӣ - Шаҳобхон, ки хеле ва хеле бадгашт буд (арақхӯр, ҷувонбоз), пас аз инқилоб, дар соли 1922 ба дарди по (касалии туберкулёзи устухон) гирифтор шуда, чанд гоҳ бемор хобида вафот кард. Духтари янгапошшои хурдӣ - Муҳаббатхон буд, ки ӯро барои пул ва давлат дар охири соли 1924 ва аввали соли 1925 ба Дониёрбек ном бойбаччаи вобкандӣ, ба болои

пешина
аз 339
навбатӣ