Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
пир аст, Фотимаҷон ҷавон ва зебост... (ва ҳол он ки Фитрат Фотимаҷонро аз ҷонаш ҳам дӯсттар медошт). Ташвиқот ва тарғиботи ҳаминҳо буд, ки Фотимаҷон ба Самарқанд баргашта, пас аз андак муддат Фитратро талоқ дод ва ба қории Абдурашид ном марди самарқандӣ ба шавҳар баромад. Аз вай як духтар зоид, ки номашро Дилбар ниҳоданд ва ин духтар ҳоло дар Тошканд аст, шавҳару фарзандҳо дорад. Аммо Фитрат аз рафтани Фотимаҷон хеле сӯхт ва шеърҳои ҷонгудозе навишт.
Мисбоҳ Бурҳонов нағз ё бад, ҷавони коркуне буд. Дар соли 1933, дар қатори Абдуқодир Муҳиддинов, Комилов ва дигарон ӯро (Мисбоҳро) ҳам гирифта ҳабс карданд ва дигар барнагашт. Чӣ ҷавонҳо, чӣ шахсони олидараҷа, чӣ гули ҷамъияти моро морон ва хунхӯрони Сталини аждаҳо хӯрда нест накарданд! Лаънат ба он давр, лаънат ба он касоне, ки хоки пои Сталинро лесида, ба халқ ҷабру ҷафоро раво медоштанд. Афсӯс, сад афсӯс, ки Мисбоҳ барин садҳо ҷавонони мо, бегуноҳ мурда рафтанд!
Гапро дар бораи Зуҳурхон ва зани ӯ Муаллима давом медиҳам: Пас аз заношӯии инҳо як писар ба вуҷуд омад, ки номашро Хуршед ниҳоданд. Зиндагиашон хуррамона буд. Дар ин байн Аслиддин – бародари Зуҳурхон ҳам ба театри Лоҳутӣ ба кор даромад. Қобилияти хуби артистии ӯ ба роҳбарияти театр маъқул шуд. То ки соли сиёҳи 1937 расид ва Зуҳурхонро ҳамроҳи акамуллои Тоҳирҷон, Қаровулбегӣ ва Бадеъ Наҷмиддинов гирифта ҳабс карданд ва бо ҳамин аз онҳо ному нишон нашуд. Чӣ ҷабр, чӣ зулм ва чӣ хиёнат ба халқи тоҷик! Беҳтарин одамон, беҳтарин санъаткорон, беҳтарин олимони онро гирифтанд, нест карданд, куштанд! Лаънат ба он давр! Лаънат ба мӯзалесони Сталини золим!
Зуҳурхони бегуноҳ, Зуҳурхони санъаткор ва марди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё