Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
дар паноҳи гулҳо бозии рустшавакон мекарданд, халоват мебурд. Бибигул ҳар бегоҳ ҳавлию кӯчаро об мезад, баъд ҳамаро ба атрофи дастархон даъват мекард. Бачаҳо, гоҳе хӯрокро хӯрдаю гоҳе нахӯрда, дар ҷойи нишасташон хоб мебурд. Гоҳе худи Мансурро ҳам ғанаб мебурд. Бибигул он сӯтар ҷой карда, онҳоро мехобонд. Ва таги пероҳани ҳарир паҳлӯи Мансур медаромад ва огоҳ мекард: «Даррав хобатон набарад...» Вай ба осмони пурситора нигариста, сӯҳбат карданро нағз медид. Ба Бибигул дар ҳамин хона чошнии висол чаши- данд. Хотираҳои худаш, хотираҳои падару бобою бобокалонҳояш ин ҷо манзил доранд. Тӯйҳои овозадор гузаронданд. Мешавад, ки аз ҳамаи ин ҷудо шавӣ? Инсон аввал ба хонааш, баъд ба шаҳр, ба кишвар, ба мардум, ҳатто ба ҳукумат пайвастагӣ мегирад ва ҳамаи инро ном ватан аст. Беҳро, ки буридӣ, чӣ мемонад? На хотира мемонад, на худат ва на қурб дорӣ. Як ҳолати беқарорӣ вуҷудашро фаро гирифт. Азме чун шаршараи бузург рехта дилашро пур кард, ки бояд зуд кореро анҷом диҳад. Вале он чӣ кор аст, сарфаҳм намерафт. Оҳиста атрофи хонаро гашт. Нигоҳ фикре чун барқ ба сараш омад. «Мекушам! Ғуладингро мекушам!» Ва гӯё роҳи халосӣ пайдо шуд, ки сабукӣ ҳис кард. Қадамашро те- зонда, ба тарафи рост тоб хӯрд. Девори тарафи ҳамсояаш Намозбой паст аст. Аз дур дид, ки дарвозааш занҷир дорад. Шояд ӯ ҳам куҷое рӯ панаҳ кардааст? Болшевикҳо дар ин замин чунон шарту шароит ба роҳ мондаанд, ки ба гуфти узбекҳо, «қочмаган номард». Замину боғ дошта бошӣ, супор будааст. Дӯкон, ҷувозхона, осиё, галаи аспу рамаи молат бошад ҳам, супору худат ба зиндон рав. Одами солим чунин фикр намекунад. Марази саръ доранд-чӣ? Ин пагоҳӣ ба Чуқурбозор даромада дид, ки бештари тоҷирон дари дӯконҳоро мех задаанд. Пеш аз рафтанаш аз шаҳр дуконашро ба Зариф ба амонат дода буд. Дарҳои ду дукони Зариф ва дукони худаш низ мехзада буданд. Аз рӯе, ки анкабутҳо дар ҳар тараф тор танидаанд, маълум, ки дӯконҳо кор намекунанд. Кӯчаро тоб хӯрда дид, ки ғӯладинг девори он тарафро ҳам бардоштааст. «Қанд хӯру натарс, ғуладинг. Даҳ туфанг дошта бошӣ ҳам, эзоратро меолонӣ!» Аз шоҳе, ки ба кӯча нишеб шуда буд, як ғӯраи зардшударо канда хӯрд. Ва даҳонаш лаз- зат дод. Боз баргашта канданӣ шуду худро дошт. «Мабодо касе омаданашро бинад.» Ва пас тоб хӯрдӣ назди обмӯрӣ омад. Обмӯрии қадима барҷост. Об аз андаке баландӣ нишеб шуда, ба он ворид мешавад. Аз ин ҷо ҳатто ҳангоми об доштанаш гузаштан мумкин. Ин фикр чунон саросемааш кард, ки ҳамон бегоҳӣ аз рӯйи эҳтиёт қулоҳи туркие ёфта, ба сар карду шабона аз роҳи обмӯрӣ во- риди ҳавлӣ шуд. Пушти дарахти себ ним соат барин нишаст, ки моҳи костаи рангпарида намоён шуд. Пай бурд, ки дер омадааст. Зинаҳоро баромада оҳиста дари хонаро тела дод, ки аз дарун маҳкам аст. Фикр кард, ки ин ҷо пеш аз хоб, бояд корро анҷом дод. Шаби даромад-даромади тобистон аллакай ним шудааст. Ақиб гашта рӯйи ҳавлӣ истод: тарҳу тартиби корро гирифта, аз он ҷо баромад. Рӯзи дигар баъди говгум, вориди боғ шуду дар пушти шоҳҳои бу- ридаю тӯбкарда дароз кашид. Тахмин бист дақиқа гузашту дарвозаро заданд. Мансур кордро аз ғилоф кашида тайёр шуд. Аз хона зане таги пероҳани кӯтоҳ, ки зонуҳояш намоён аст, баромад ва давида рафта дарвозаро кушод. Ин ҳамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё