Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар мушкил сабр кунед, гуфта нишастанд. Чӣ қадар ҷангҳо кардаю заминҳои дигаронро тасарруф намуданд.

Шайх нигоҳашро ба рӯи Мансур дӯхта номуайян табассум кард. Пас дар ҳамон ҳолат бо оҳанги маломат гуфт:

– Бале, чунин суханҳо ҳастанд. Аммо ақлу идрокро низ Худованд ба инсон барои он дод, ки пешомади корҳоро дида, рафторашро ба он ҳамрадиф гардонад. Подшоҳи рус тартибу низоми корашро кашидаю ба аскараш тиру тӯп дода, кори мехостаашро фармудааст. Подшоҳи мо дар куҷо? Кӣ сарварӣ мекунад? Кӣ силоҳ медиҳад? Дар пасат кӣ меистад? Хуб, шумо, ман, дигарҳо мехезем, атрофи кӣ ҷамъ шавем? Чӣ коре аз дастамон меояд? На тиру камон, на касе, ки роҳу равиш нишон диҳад. Дар чунин маврид Расули Худо гуфт, ки «сулҳ беҳ аз ҷанг».

Мансур бо алам дарк кард, ки сухани шайх ҷон дорад. Вале ин суханҳо тасаллои дилаш нашуданд. Баръакс, аз ғусса бештар дилтанг шуд. Ӯ мехост бо шайх озод сухан гӯяду шунавад. Ҳолати рӯйдодаро таҳлил намуда, маслиҳат бигирад, Шайх роҳе нишон диҳаду фотиҳае. Не, ин корҳо нашуд. Торикии дилаш боқӣ монд. Қарор дод, ки бо баҳонае мехезад. Ба берун нигарист. Ҳоло то намози шом вақт ҳаст.

Аммо шайх хеста, ҷойнамоз партофта, гуфт:

– Намози шомро мехонем.

Баъди намоз аз тоқ дастархонро гирифта густурд, ки дар он якчанд қалқаанд ва нонҳои резаву сиҳат бисёр буд ва бо ҷиддият гуфт: – Ба ҷоятон гузаред. Ин бегоҳ дар кулбаи камбағалонаи ман ҳамроҳ сӯҳбат мекунем.

Ӯ берун баромаду дар як косаи калони чӯбин боқилаи пухта даровард ва дӯстона илова кард: «Одами бесабр чароғи беравған» мегӯянд. Шукр, мо бесабрем, – ва ба завқ хандид. Мисле, ки дар назди падараш ҳамингуна қақарос мезад.

Рӯзи дигар ҳам Мансур дил накард, ки сӯйи ҳавлиаш равад. Як моҳ шаҳр ба шаҳр гашт, пас ба кӯҳи Оҳалик рафта, чанд рӯз назди чӯпонҳое, ки дар рамаашон гӯсфанд дошт, хобу хез кард. Ба пухтапазу ҳезуму аловашон ёрӣ мекард. Шабҳо то дер назди алов нишаста, нақлу қиссаҳояшонро гӯш мекард. Вале аз ғами Баҳодур дилаш ҳеҷ таскин намеёфт. Боз баргашта ба Самарқанд омад. Ҳамон бегоҳирӯз аз Регистон баромада ин тараф - он тараф хеле чарх заду пас ба кӯчаи Мирзоҳусайни заркуб гузашта, ба гузари Дари Занҷир даромаду назди ҳавлиаш омад. Аз дур ба дару девори гаҷкориҳои кунгураҳои пештоқи айвон нириста, аз ҳасрату ҳаяҷони зиёд лаҳзае шах шуда истод. Ба ҷойи дарвозаи дутабақаи кандакорӣ, ки ҳалқаҳои зард дошту ҳангоми дарро кушодан садояш то хона мерафт, дарвозаи оҳанӣ шинондаанд. «Инҳо куҷо ба дасташон афтад, деворҳоро баланду дарвозаҳоро оҳанӣ мекунанд. Хоҳ - нохоҳ тарс доранд». Ба лаби ҷӯйборе, ки аз байни замини худу ҳамсоя гузашта, роҳро бурида ба маҳаллаи Боғи Майдон меравад, нишаста ба об даст бурд. Ин обаки равон чӣ қадар шодиҳо ба дилаш овардааст... Ҳар пагоҳӣ, ки дар он дасту рӯй мешуст, аз садои шилдиросаш, аз сабзаҳои лаби ҷӯй ва аз шапаракҳое, ки ҷуфт-ҷуфт

пешина
аз 613
навбатӣ