Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Макони шайх дар назди дарвозаи Фирӯз аст. Ҳангоме ки Мансур назди хонақоҳ омад, дуртар аз дарвоза як гурӯҳ зану мардони шифоталабро дид. Шайх дар дохил, дар хоначаи назди дарвоза бо ҳамон ҷомаи ҷо-ҷо даридаю пахтааш намоён ва рӯймоли гирди сар тобдода, намози аср мехонд. Дар байни хона пӯстак ва лавҳу китобҳои парешон хоб рафтаанд. Дар тоқҳо ҳам бештар китоб аст. Мансур назди дар нишаст. Хона бӯи ким-чигуна гиёҳ мекард.
Шайх аз намоз фориг шуда, Мансурро дида, табассум кард. Дар се-чор соли охир чуссаи паҳлавононааш каме логар шуда, ришаш сафедӣ овардааст. Ӯ одамони берунро пурсуҷӯ кардаю ҷавоб дода, даромад.
- Хонаамро гирифтанд, назди шумо омадам, - Мансур бо суханаш оҳанги шухӣ дода, табассум кард.
Шайх, чунон ки одаташ аст, ба Мансур нигоҳи тезе андохту муддате хомӯш истод, пас оёту ҳадис оварда, ӯро тасаллӣ доданӣ шуд.
Ба Мансур суханони шайх хуш наомаданд. Бо садои маҳкам гуфт:
- Амак, ин суханҳоеро ки мегӯед, хондаву шунидаам. Ин гапҳо имрӯз ба дард намехӯранд. Ҳоло ҳуррият овардем, мегӯянду бо тиру тӯп хонаю дарамонро зада соҳибӣ мекунанд, ватанамонро мегиранд, шумо хабар доред?
Андоми шайх гирифта шуд. Дар байни абрӯи ғафсаш раги сурхранге хест:
-
Чашмонашро пӯшид ва лаҳзае таваққуф карду маслиҳатомез гуфт:
-
Ин ки инқилоб мегӯянду он мисли дарёи сероб бо ҷӯшу хурӯш дар ин замин равон шудааст, беҳикмат нест. - Ӯ кадре дар ҳамон ҳолат хомӯш истоду боз суханашро идома дод: - Ҳар фикру амали наве, ки зуҳур мекунад, агар ҷонибдори халқ набудааст, пешравӣ намекунад. Гузаштаҳомон чунин гуфтаанд.
«Во аҷабо! Дар дили ин мард чӣ андешаҳое будааст? Инқилобе, ки шаҳру деҳаҳоро месӯзонад, бе ҳикмат набудааст!»
Шайх чашмонашро кушода ба рӯйи Мансур бо табассуми истеҳзоолуд зеҳн монда афзуд:
- Дар китобҳои осмонӣ гуфта шудааст: «Ӯст, ки механонад ва мегирёнад. Ӯст, ки марг медиҳад ва зинда мекунад. Ӯст, ки маншаи ҳаётро аз нутфае, ки рехта мешавад, офарид ва бар пояи он зиндагонии ҷаҳони дигарро низ қарор дод» (Қуръон сураи наҷм 53).
«Шумо ҳам ман барин ҷойи рафтан намеёфтаед, ин гуна байту ғазал намехондед» - гузашт аз дили Мансур. Ӯ чизе гуфтанӣ шуд, ки шайх хашмгин ба сӯяш нигоҳ андохта пешдастӣ кард:
- Дар гузари мо ҳам масҷиди Султонҳоҷа ва якчанд хонаҳоро гирифтанд.
«Яқин андешаҳоямро пай бурд,-гузашт аз дили Мансур. - Бо ин тоифа сӯҳбат кардан ҳам мушкил. Сухане, ки мехоҳӣ гӯӣ, дар дили инҳо пештар садо медиҳад. Зиндагӣ ба инҳо осон. Ҳама неку бадро ба осмон ҳавола мекунанд: «дар муқаддарот чунин навишта шудааст», вассалом. Дигар ҳаққе надорӣ, ки пушти корро ковӣ. Ҳадисе ба ёдаш омаду гуфт:
- Дар ҳамон китобҳои осмонӣ ҳаст-ку: «Шабе зери силоҳ беҳтар аз ду моҳ рӯзаву намоз». Дар муқаддаротам чунин будааст гуфта нанишинему ҳама як тану як ҷон шуда, бар зидди душман хезем. Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад(с) ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё