Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

зани фарбеҳи Мансурро пӯписа карда буд. Марду зан ҳамдигарро оғӯш кардаю гуфтаю хандида, роҳравро убур карда хона даромаданд.

Мансур задани дилашро фурӯ нишонда, омаду қади чӯякҳои ҷуворӣ, ки аз сина баланд хестаанд, даромада ҷой шуд. Динашаб ҳамин ҷой ба назараш мувофиқ намуд. Аз он ҷо то зинаҳои дари хона ҳафт-ҳафт қадам аст. Касе ба хона барои даро кунад, мебинӣ. Касе мабраз рафтанӣ шавад, аз наздат мегузарад. Мушоҳида кард, ки даҳлезу хонаи хобаш чароғ доранд. Тирезаҳошон кушода. Он тараф хонаи падараш чароғ надорад. Дина шаб он ҷо чароғ дошт. Аз байн тахмин ним соат гузашта бошад ҳам, зану шавҳар дигар барои даро накарданд. Шаб торик. Равшание, ки аз паси пардаи тирезаи хоб меояд, ба роҳ мезанад. Дар Самарқанд шабҳои аввали тобистон гарм мешаванд. Як ҳафта беш аст, ки қурбоқаҳо пайдо шудаю баҳсмаҳбас мехонанд. Овозашон чунон баланд, ки мегӯй фалакӣ мехонанд. Мансур фикр кард, ки агар ин ду касофат хоб раванд, офтоббаро мехезанд. Инҳо талвосаи субҳдам хестаю намозҳои надоранд. Ӯ нами таги пояшро ҳис кард. Ба атроф назар андохта, дар рӯбарӯи тиреза дар мелоқ либосҳои тунуккардаро дид, рафта се-чортаашро гирифта оварда ба таги пояш партофт. Либосҳои занона будаанд. Пероҳану нимтанаю ким-чиҳое. Ин дам аз обмурӣ тақрибан як даҳана об омад. Ба дилаш хурсандии ворид шуд. «Об - рӯшноӣ». Яқин, кораш барор мегирад. Аз байн боз ним соат барин гузашту Мансурро тоқаташ ток шуда, ба он сӯйи роҳрав, ки ҳезумҳои поракарда парешон мехобиданд, гузашт. «Агар набарояд, аз тиреза медароям!» қарор дод ӯ. Он тараф гул коридаанд. «Бубин, ҳаваси гул карданаша!» Наздики тиреза рафт. Аз паси парда дида мешуд, ки зану шавҳар ҳанӯз хоб нарафтаанд. Як-як шину хези зан дида мешуд.

«Ғӯладинг, ман як одати бад дорам, - дар дил ба душманаш муроҷиат кард ӯ. - Кореро, ки дар пайаш шавам, то ба оҳир нарасонам, ором намегирам. Дилам тагурӯ мешавад, мисли деге, ки меҷӯшаду меҷӯшад. Кӯтоҳи сухан ин, ки туро мекушам. Медонӣ, ки айби худат шуд. Бубин, ба ҳамсоят, ки ба нағзӣ сухан кард, кордор нестам: то рӯзе, ки зарур аст, зиндагӣ кунад. Ту дилама чунон ранҷондӣ, ки то қиёмат намебахшамат. Дар ҳамон рӯзи ҷавоб ҳам аввал кордат мезанаму пас назди довар менишинам. Барҳои ҳамин ҳам вақтамро нагиру зуд баро. Ҳарчи тез корро анҷом диҳем, ба ту ҳам нағз мешавад. Чӣ даркор, ки мисли Азроили Амин соя барин аз пасат гардаму дар ягон ҷойи бекасу нокулай каллатро гӯсфандбур кунам. Пас зани бӯшканусҳай биниғафсу бетамизу беарзишу беаҳраат фолбин ба фолбин гардад: «шавҳарам зинда ё мурда? Аз дӯст шуд ё душман?» Худат медонӣ, ки ин ҷойи амн, даруни ҳавлӣ, шаби торик, касе кордор не. Маро мегӯй «сволоч»: Сволоч худат, ҳаромӣ!..»

Дар ин асно дари хона боз шуду зан оби косаро берун пошид.

  • Хӯрок мехӯрӣ? Заҳра хӯрӣ! Баро акнун! Ҳоло ки маҳтоб набаромадааст! - пичирос зад Мансур ва боз каме тоқатад карду дигар беқарор шуд. Аз ҷо хест: «Аз афташ, аҷали ҳардуят расидааст...»
    Садои ба шаст кушода шудани дар Мансурро маҷбур кард, ки дар ҷояш нишинад. Зану мард хандида пасу пеш болои зинаҳо баромаданд, чизе гуфтанду зан ба завқ хандид ва бо овози шунаво гуфт: «Не, рафиқ майор, аввал ман...»
пешина
аз 613
навбатӣ