Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ёрдамчии раис шуда, чаро намоз мехонӣ?” мегӯяд. “Намоз ба корам халал намерасонад” гуфтам. “Не-дия, мегӯяд, шояд босмачӣ бошӣ? Шояд корҳои дигар ҳам мекунӣ?” Шудем дуямон ҷанг.
– Занозанӣ карбед?
– Не-е, бо онҳо занозанӣ карда намешавад. Ҳама таппонча доранд. Байнамон тую ман шуд. Ба даҳонам омад, ки рав ба ватанат, он ҷо раисӣ кун. Ин ҷо бе ту ҳам корамона пеш мебарем. «Ба ту, миллатчӣ, баъдтар гапзанон мекунем»
гуфту аспаша савор шуда рафт. Пай бурдам, ки милисаҳоҳа аз пасам мефиристад, хона омада ҷомаю аспамро гирифта, ба даруни боғҳо сӯи дарё тозондам.
Мансур бо дилсӯзӣ сар то пои собиқ раисро аз назар гузаронд.
– Кителу шапкаро ба Сталин монанд карбед ҳам, фоида накард?-Ва аз суханаш хандида илова кард:-Подшоҳатон гуфта бошад, ки намоз нахон, нахонед-дия.
– Фоида накард,- дар ҷабини Муллоҳабиб чинҳо ҷамъ шуданд. – Раисхӯе, ки нав мондаанд, ба касе бовар надоранд.
– Ман ҳам ба он тараф баъзан меравам, ба назарам менамояд, ки кори колхозҳо хуб мешавад.
– Калонҳо дуздӣ накунанд, мардум аз як гиреҳон сар бароранд, хуб мешавад.
Ғуломҳайдар омаду мавзӯи сӯҳбаташон дигар шуд.
– Боз чӣ шуд, ки атрофи Иброҳимбек валвала бардоштед? Ё аз зиндон гурехт?-пурсид ӯ.
Муллоҳабиб ба Мансур, пас ба Ғуломҳайдар нигариста бо тамасхур гуфт:
– Он ҷо корҳо чунон печ дар печанд, ки ҳазрати Ҷабраил биёяд, сарфаҳм намеравад. Мо ҳама медонистем, ки ҳангоми аз гузаргоҳи Чӯбек гузаштани як қисми аскари Иброҳимбек ҳамроҳи мӯйсафедҳо, занону кӯдакон аскари шӯравӣ аз пеш, аскари афғон аз пас онҳоро мезананд. Инчунин фаҳмида будем, ки дар даромади Сангтӯда пулемиёт монда мардҳоро паронданд. Ҳашт-нӯҳ рӯз гузашту худашро доштанд. Сипас ҳама хап-хап шуда буд. Пас яке дар ҳама ҷо ғулгула афканданд, ки гӯйё Иброҳимбек бо дастаи ҳаштсад нафара дарёро гузаштаю ба роҳи Кӯлоб мерафтааст. Ният доштааст, ки мардуми Кӯлобу Балҷувон ва атрофро хезонда бар зидди давлати Шӯравӣ ҷанг кунад. Боз зиндагии мардумро ноором мекардааст. Мехостааст, ки коргару деҳқони аз юги боӣу эшон озодшударо боз мисли солҳои пеш ғуломи онҳо кунад. Дар газетаҳо навиштанд, дар ноҳияи Сангтӯда дар наздикии деҳаи Найзабулок байни аскари сурх ва дастаи Иброҳимбек задухӯрди сахт шуду аввалин зарбаи марговарро Иброҳим он ҷо гирифт. Фалон қадар мурдаю ярадор шуд. Дар ин ҷанг коммунистону камсомолон қаҳрамонии бемислу монанд нишон доданд. Сенчукови пулемётчӣ бо мақсади дур кашидани диққати душман взводро ба канор бурд (чунин навишта шудааст взводро). Аспбонро ки ҳамроҳаш рафтанӣ мешавад, нагузошт (Бубинед, чаро дигаре не, аспбон меравад?) Байни ӯ ва босмачиён тирпаронии сахт шуд. Сенчуков ҳамаи тирҳои милтиқашро паронд, пас аз таппонча тир холӣ кардаю взводро аз иҳота баровард. Қаҳрамон Сенчуковро хеле вақт ёфта натавонистанд. Фақат баъд аз чанд рӯз ҷасадаш ёфт шуд. Дар атрофи ҷасад зиёда аз сӣ нафар босмачиёни кушта мехобиданд.
– Ин дурӯға бинед,-ҳайрон шуд Мансур.

пешина
аз 613
навбатӣ