Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ҳоло давомашро гӯш кунед.
– Дар ҷанги Сангтӯда командири отделения Петров бо се нафар ёронаш дар иҳораи шаст нафар босмачӣ монданд. Дар натиҷаи задухӯрд ду нафарро кушта, якеро захмдор карда, аз иҳота баромаданд.
– Ин суханҳо аз куҷо сар задаанд?-нидо дод Ғуломҳайдар. – Дастаҳои ҳукуматии Толиқону Бадахшони мо Иброҳимро задаю пеш карда аз гузаргоҳи Кафтаройли он тараф карданд. Баъди се рӯз Мирғозӣ худашро бурда ба аскари сурх таслим карда буд. Ду нафаре, ки ҳамроҳаш дарёро гузашта буданду то деҳааш Куктош рафтаанд, сипас аз дородори аскари сурх гурехта ҷон ба саломат бурда ин хабарро оварданд. Дар Сангтӯда, на дар Найзабулоқ ҷанг нашудааст.
– Мо ҳам аз ин воқеаҳо хабар дорем,-гуфт Муллоҳабиб.-Медонистем, ки аскари Иброҳимбек мақсади ҷанг надошт. Бечораҳо ба умеде, ки болшевико нодонию нофаҳмиашонро мебахшанд, бо зану фарзандашон дарёро гузаштанд. То ки дар ватан кору зиндагӣ карда умрашонро гузаранонд.
– Барои чӣ бошад ин корашон? Чӣ фоида мегиранд?-пурсид Ғуломҳайдар.
– Чӣ фоида!-Юсуф тамасхӯр кард,-фоида ҳамин, ки ҷанг карда Иброҳимбекро ба зӯрӣ гирифтем, нагузоштем, ки сохти шӯравиро вайрон кунад, гуфта, мукофот мегиранд.
Чеҳраи Мансур тира шуд. Ӯ тасаввур кард, ки дар дашти тафсони Сангтӯда чӣ гуна аз пулемиётҳо асирҳоро мепаронанд: онҳо аз тири сӯзон меафтанд, аз ҷазабаи дард, ташнагӣ сӯхта-сӯхта, инҷ шуда, ҷон мебозанд.
Муллоҳабиб ба суханаш идома дод:
– Баъдтар боз ҳам дар ҳамон газетаҳошон маълумоти оперативӣ гуфта, хабар доданд: “Иброҳимбек ба Лақай омада, мехост дам гираду пас тарафдоронашро ҷамъ карда ба шӯриш хезонад. Аммо дар ин ҷо ба кину адовати мардум бархӯрда, ба Сурхандарӣ рафт. Қисмҳои аскари сурх, ки аз пасаш афтода буданд, лаҳзае ӯро ором намегузоштанд. Ниҳоят ӯ маҷбур шуда ба кӯҳҳои Боботоғ гурехт. Аскари сурх дар ин ҷо ҳам ӯро ором намегузошт. Ҳамзамон дар ин муҳориба боз 439 отряди ихтиёриёни сурх, ки ба ҳар отряд ба сифати маҳаки ҷангӣ аз панҷ то даҳ аскари сурх ҳамроҳ карда шуд, иштирок кард: айропланҳо сафарбар карда шуданд. Онҳо ба болои кӯҳҳои сарбафалак парвоз карданд, ба дараҳои хилват даромада босмачиҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Иброҳимбек, ин чосуси Бритониё ва Олмон, ки аз ҳама тараф иҳота шуда буд, аз таъқиб халос хӯрдани шуда, ба сӯи дарёи Қофарниҳон фуромад.
– Як дивизияро ба кӯҳ бароварда будаанд-дия,-киноя кард Мансур.
Муллоҳабиб “давоми маълумоти операвиашона гӯш кунед,”-гуфт:
“Колхозчиёни дар майдони пахта кор мекарда Иброҳимбеку хазинадораш Саттори бинишилпук ва мирзояш Азизмуроди чӯлоқро шинохта, ба отряди ихтиёриён, сардароҳон Муқум Султон ва ҳайати фармондеҳии полки 10-ум хабар доданд.
Иброҳимбек ба дарё наздик шуда, аз амадчиён талаб мекунад, ки ӯро ба соҳили дигар гузаронанд. Муқум Султон ба ин кор яке аз ҳамнабардонаш - марди зирак Гулҷаҳонро мефармояд. Гулҷаҳон пурталотум будани дарёро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор