Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур хурсанд шуд, ки дар сарҳад кор пайдо шуд. Қариб ҳар рӯз одамони ватанро мебинӣ. Аз неку бад огоҳ мешавӣ. Ҳар гоҳ хоҳад, обро гузашта Ҷовидро мебинад.
– Хуб шудааст, кор бошад мекунем,- гуфт Мансур ва рикоби аспро дошта истода ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Юра гуфтеду як фикр ба сарам омад. Мушоҳида кунам, вай ҷавони дастбакор, ба шумо содиқ. Занаш диҳед, дар паҳлӯятон ҳама коратона карда мегардад.
– Ҷавони хуб.-Ғуломҳайдар андешаманд ба самте нигарист. Ба пулу молам аз писарам дида вай дилсӯз...
– Дилсӯзи пулу молатон бошад, духтари худӣ ёфта диҳед.
– Дар фикри худам ҳам ҳаст...-гуфт Ғуломҳайдар забон хоида.-Ҷавони хубу баъзан раги якравиаш мегирад.
– Ҷавоне, ки феъли якравӣ дорад, аз вай мардӣ мебарояд. Онҳое, ки мудом “хуб” мегӯянд, рӯбахмиҷозанд. Агар духтар аз худатон бошад, боз хубтар.
Ғуломҳайдар озмоишкорона ба чашмони мусоҳибаш нигариста гуфт:
– Духтари кенҷаам ҳасту... -Вай урус, пас мардум маро чӣ мегӯянд?
– Э вайро урусиш мондагӣ нест. Намоз мехонад, рӯза медорад, ҳалолкор, дурӯғ намегӯяд.
– Ку, бо хонагиҳо маслиҳат кунам.
Мансур аспашро ба роҳ андохта дар дил шодӣ кард, ки мушкили Юра ҳал шуд.
Рӯзе, ки Мансур корро шурӯъ кард, номи Иброҳимбек боз вирди забонҳо шуд. Гурезаҳо хабарҳои аҷибу ғариб меоварданд. Мегуфтанд, ки ба муносибати доштани Иброҳимбек дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии Туркфронт митинг баргузор мекунанд. Дар корхонаҳо русҳою тоҷикон ва намояндаи дигар миллатҳо аз хурсандии ин хабар ҳамдигаро ба оғӯш мегиранд.
– Вай аз зиндон гурехта будааст?-мепурсад Мансур.
– Кӣ медонад?-китф меҷунбонданд онҳо,-як корҳое, ки ақли мо намегирад.
Боре ҳангоми корбаро чашми Мансур ба саворе афтид, ки танҳо дарёро мегузарад. Роҳашро нигарон шуд, наздик, ки омад, шинохт: -Муллоҳабиб, раиси колхози ба номи Будёний. Колхозаш дар Саройкамар аст. Дар сафари Бухоро, ки барояш справка лозим шуд, Кучибой аз ҳамин адам справкаро гирифта буд. Ӯро даъват кард дар кате ҷой гирифтанд. Мансур ба Юсуф чӯй фармуд ва ба Муллоҳабиб синчакорона нигариста гуфт:
– Раис, аз вазъатон маълум, ки аз ватан фирор кардаед.
– Хуб фаҳмидед,- Муллоҳабиб оҳ кашида, ба тасдиқ сар ҷунбонд.
– Чӣ гап шуд? Шуморо раиси номдор мегуфтанд.
– Раиси номдор будаму пас одами худашона оварданд. Маро гуфтанд, ки ёрдамчӣ кор мекунӣ. Як марди тотора оварда раис монданд. Дар тарафҳои Қазон раисӣ карда будааст.
– Пас қаҳр карда омадед?
– Не, қаҳр не. Ёрдамчӣ кор мекардам. Як намоянда ҳар ҳафта аз район омада “ин кора накардӣ, вай кора накардӣ” гуфта чақа мешуд. Боре дар замини обчакоринам намози пешин мехондам, ки аз куҷое аспсавор пайдо шуда:“Ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор